Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Замин тира, рутубатнок.
Ва... долу дарахтони дигар низ ҳама луччак буданд.
Вай гўё шах шуда, нафасаш гиреҳ баста, дар муқобили боди сард ноҷунбон меистод.
Сараш тос ва ришаш сап-сафед расида буд. Қафаси синаи як вақтҳо фарох ва барҷастааш акнун фурў нишастааст.
Нохост ба чашмони хираи ў ашк давид.
Ва ларзиду...
Балки дар худ печиду тирезаро напўшида, қафо гашт.
Раҳораҳ ба кадом як шишаи холӣ пешпо хўрда, сахт тарсид, – онро зери лаб ҳақорат кард. Сипас, баъде ки шиша рўрўи фарши тахтабанди ифлос ғелида, ба девор расид ва садои гўшхарош баровард...
Худро болои кат партофт. Ба пушт хобида, муддати мадиде ба шифти нимторик чашм дўхт.
Нигоҳаш ҳамчунон хира ва ашколуд буд.
Аз тирезаи ҳар ду паллааш низ кушода ба хона боди сард медавид.
Вай аз ҷой намеҷунбид, – гуё мурда буд; аз ҷой намеҷунбиду зўр зада, номи раҳматӣ модарашро ба ёд овардан мехост. Аммо наметавонист...
Баъд вай як оҳи чуқур кашида, вазнин паҳлу гашт ва хаёлаш, ки аз фазои сарди хона ба димоғаш саҳле бўи гули садбарг нишаст.
Ва ҳамоно гум шуд.
Баъд ўро хоб бурд, хоби сангин...
Ҳар ду паллаи тирезаашро шаби дароз боди сард мекўфт.
...Вай он шаб дар хобаш ҳам ба сад азоб номи модарашро меҷусту қатъан намеёфт.

3 Ин саҳар ҳам вай ба мўяш шона мекашид.
Аз шишаҳои тиреза равшании офтоби баҳорон даромада, ба ҳар тора мўи хушбўяш ҷило бахшида, монанди риштаҳои бағоят борики нуқрафом оҳиста поин мелағжид.
Вай ба мўяш шона мекашид.
Баргҳои тару тозаи дарахти зардолу, зардолуи қандаки нав ғўрабаста...

пешина
аз 551
навбатӣ