МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Дар пушти тиреза шибир-шибир ҷунбида, балки рақсида, нурҳои зарандуди офтобро аз як шиша ба шишаи дигар меандохтанд.
Сабаб чист, ки аз садои паст ва гўшнавози баргҳо...
Ҳарчанд хуш меомад, хаёлаш рахна ёфт.
Ба мўяш торафт сусттар шона зада, билохир вай гўё шах шуд, ба санг табдил ёфт.
Пас шонаро як сў гузошт.
Ба ҳар ду оринҷ дар канори миз такя овард.
Мўи сунбулаш парешон гардида, ба сари китфони нозукаш афтид; пуштаки курсии роҳатро мисли абрешим нарм пўшид. Чунин менамуд, ки мўй не... обшор аст. Ва ин обшор ба худ нафис раҳ кушода, ҳоло баёзи гардани ўро мешуст.
Булўрин буд гўё гарданаш.
– Инак авҷи баҳорон... Шумо, баргҳои нозанин, эҳтимол пичирос мезанед, ки вай дигар ба ман меҳр надорад? Шояд гуфтаниед: гапи одамон ҳақ – ба доми вай беҳуда гирифтор шудӣ, фиреб хўрдӣ? Аз беақлӣ?.. Ё ба ман фикри ўро расондан мехоҳед, ки сол то сол пир мешавам ва акнун маро дўст доштан амрест мушкил?.. Бигўед, охир, баргҳои нозанин, бигўед: аз чӣ ин қадар пичирос мезанед шумо?
Вай сар ба сўи дастони сафедаш хам кард. Миллаи маҳине аз мўяш...
Поин афтида, рагу рагчаҳои кабуд ва қадре дамидаи пушти он дастонро... маҳрамона пўшид.
– Бигў, бигў, дарахти зардолу!
Вай талх гирист.
– Ту ҳам гап зан, азизам! Азизи дилам... Чаро хомўшӣ?
Китфонаш меларзиданд. Донаҳои ашк...
Чун қатраҳое ки аз обшори мўяш ҷудо шудаанд, ба рўи дастонаш, ба ангуштони дароз-дарози ҳанўз зебояш мечакиданд.
Дар пушти тиреза баргҳои дарахти зардолу, зардолуи қандаки нав ғўрабаста...
Беист пичирос зада, меҳрандуд мегуфтанд:
– Ба мўят шона каш! Бале, шона... Ў баробари ҷонаш медонад туро!
Аммо вай инро намешунид. Ва ҷигараш хун шуда, мўяш парешон... аз мағз-мағзи дил мегирист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор