Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Худо нишон надиҳад! Ман аз нофаҳмӣ... Шумо босмачӣ нестед, ҳа-а! Шумо ғозӣ…
Усмон Азиз хандида, ба сар то пои вай дар кароҳат чашм давонду ҷомаашро пўшида:
– Хайр, бас масхарабозӣ, – гуфт.
– Намегиред... Маро намегиред? Ба ҳамин ҳоли зор партофта меравед?
– Гап якта мешавад, бой! Гуфтам-ку: не!
Усмон Азиз, дар даст қамчин, нигоҳашро чун сурби тафсон аз ў бурида, хаймаро тарк кард.
– Ҳама тайёр, ака, – гуфт Қурбон, ки аз лаҷоми аспи зинзада ва беқарори вай маҳкам дошта меистод.
Ин дам ба сари хаму қаноти шикаста Ҳалимбой низ аз хайма берун шуд.
Гулхан кайҳо хомўш гардида, дар ҷояш хокистар монда буд. Хаймаи дуюм наменамуд: онро канда, ба хўрҷин андохта буданд. Аспҳо ҳама ба зину афзор омодаи сафар меистоданд. Ҳаво нарм, офтобӣ ва бисёр соф буд. Ғайр аз Қурбон боз ҳафт нафар марди ҷавону миёнсол Усмон Азизро дидан замон пасопеш аз болои сангҳо хеста, даст ба сари сина гирифтанд. Онҳо, ки тасмаи туфангҳоро инак ба китф андохта буданд, дар умеду чашмони интизор ба Усмон Азиз менигаристанд. Рў-рўи сабзаи атроф гулпаракҳои холдор мелағжиданд. Аспҳо баъзан пой кўфта ва даҳана хоида, ба ғурур ёл меафшонданд, дум меҷунбонданд.
Вақте ки Усмон Азиз пештар омад, Ҷалол, дасти чапаш андармон ба тасмаи туфанги худ, оҳиста пурсид:
– Рафта хаймаро канам?
– Лозим не, – гуфт Усмон Азиз. – Мо он сарпаноҳро ба Ҳалимбой мемонем… ҳаққи хизматаш. – Сипас як дам сукут карда, пурсид аз ҳама: – Хаста шудед?
Аммо дар ҷавоб садое набаромад.
Усмон Азиз дар ҳасрат ба ҷониби дара чашм давонд, ки то охир ғарқи анвори офтоб буд. Аз қаъри он шуввоси якнавохти об ба гўш мерасид. Хари Ҳалимбой фириқ-фириқ бинӣ афшонда, хокистари дар ҷои гулхан мондаро ба тарс бўй мекашид.

пешина
аз 551
навбатӣ