МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Виз-визкунон дар гирдаш чанд пашшаву ғурмагас чарх мезаданд; аз ин рў ҷонвар ҳар дам шатта ҳаво медод.
Дуртар аз он Ҳалимбой меистод. Пакару парешон буд вай.
– Медонам, бе шубҳа хаста шудед, – гуфт ниҳоят Усмон Азиз. – Ман ҳам бисёр ҳалок шудам; дар ин муддат аз тақдири диёрамон, аз рўзгори худам барин одамони дар миёни чор дарё тахтабанд хуб фикр кардам... Хулоса, ману шумо, бародарони азизам, аз нодонӣ ба даст силоҳ гирифтем, беҳуда зўр мезанем – диёрамон кайҳо ғасб шудааст. Бале, вай ҳамон соли бистум ғасб шуда буд. Бинобар ин худамонро азоб дода, кўҳ ба кўҳ гаштан дигар ҳеҷ фоида надорад. Зўри беҳуда миён мешиканад гуфтаанд... Мо се рўз дар ин ҷо интизор шудем, вале онҳое ки Иброҳимбек ваъда карда буд, наомаданд. Кӣ медонад? – балки ў маро фиреб дод. Аммо ман хафа нестам; хафа бошам ҳам, фақат аз худам... Чӣ илоҷ!
Ҳоло аз бек сар карда, то сарбоз ҳама дар гурез. Ҳар кас мехохад, ки ба кадом воситае бошад, зинда монад. Пас биёед, шумо ҳам, миёнатон нашикаста, зуд хона ба хона шавед.
Тиру туфангатон... ана, ҳамроҳатон – хоҳед, нигаҳ доред, нахоҳед, бурда ба ҳукумат супоред. Агар сар хам карда, сидқан афв пурсед, эҳтимол аз гуноҳатон гузаранд... Дар ин муддат ягонтаи шуморо ранҷонда бошам, маро бубахшед.
Устухони одамизод аз рўзи азал ба шири хом шах шудааст.
Се-чор нафар гўё шарм дошта, яке аз паи дигаре ба овози паст гуфтанд:
– Не-е...
– Барои чӣ?
– Наранҷондаед.
– Мо аз шумо розӣ...
– Гап ҳамин, бародаронам, – суханашро давом дод Усмон Азиз. – Барои хизмати мардона, барои он садоқат ва иззату эҳтироме ки аз шумо медидам, раҳмат, ҳазор раҳмат.
Ман медонам, ки ғайр аз Қурбону Ғуломҳусайн ҳар кадоми шумо дар ин диёр хонаву дар доред, падару модар доред, зану фарзанд доред. Мегўянд... хоки ватан аз тахти Сулаймон беҳтар. Пас тадбир ин аст – ба саратон ҳар чӣ ояд, дар бари ватан монед. Ғам нахўред, ки мо ба мақсад нарасидем, раҳгум задем. Шояд фарзандонатон маслаки дуруст ёбанд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё