МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Чеҳраи зебояш хуншор гардида, Маҳтоб дар ғазаб аз пушти Офтоб давид; хеле давиду ўро дошта натавонист… Аз ҳамон рўз онҳо якдигарро таъқиб мекунанд, аммо – бефоида! То алҳол рўи Маҳтоб доғдор аст. Аз паи ханҷари хоҳараш Офтоб... Акнун фаҳмидӣ? Ҳа-а, эҳтиёт бош, писарам. Дунё мураккаб, асли одамро шинохтан душвор.
Боз...
Ногаҳон пир шуда ва китоби дасташро аз болои рўди тезоб ба сўям дароз карда...
Вай дар илтиҷо мегуфт, ки инро бигиру ба ман писарони ҷавонамро ёфта деҳ, шавҳари заҳматкашамро ёфта деҳ. Бигир... Бигир, ки дар ин китоб сарнавишти ғамангези онҳо сабт гардадааст.
Лекин дастам ба китоб нарасид – ман аз рўи санге ғелида, ба дарё афтидаму…
Сахт тарсида, ғарқи обу арақ, бедор шудам. Аз радиои девори ошхона ҳофизе ба сўзу гудоз «Муноҷот»-ро мехонд.
Ин суруди дилхарош, ки субҳи содиқ гўё аз дуриҳо ба гўшам паст ва мавзун мерасид, маро бештар мутаассир кард.
Аз хоби дидаам ҳайрон, дар мадди назарам андоми кулфатгазидаи Марям-холаву хаёли ошуфтаам ба деҳа... аз ҷогаҳи худ базўр хеста, дастурўй шустам; риш гирифтам.
Сипас хоҳам-нахоҳам чою нон хўрда, тохта қўча баромадам, ки аз дигар ҳамкасбонам пештар ба кор расам…
Шумо албатта медонед – як соат қабл аз ин ҳаво соф буд, борон ҳам намеборид.
Хулоса, акнун ба истгоҳи автобус расида будам, ки ногаҳон раъду барқ шуда, шатар-шутур борон рехт.
Шамолаш тунд. Бинам – борониамро напўшида баромадаам, ҳатто чатр нагирифтам. Барои то ин дараҷа фаромўшхотирӣ, андешамандӣ ва он мақолаи сабилро нанавиштан худро маломат карда, ҷонсарак қафо гаштам. Дар хона боронӣ пўшида, алалэҳтиёт чатрро ҳам гирифта, бозпас ба истгоҳи автобус омадам.
Дар зери шипанг одам бисёр буд.
Охир, ҳавои баҳор – шохборон мезад!
Автобус кам мегузашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор