МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Не-е, ин хелаш намешавад...
Хулоса, он мақоларо навишта натавониста, аз худ норозӣ як ҳабро фурў бурда, нисфи шаб ба ҷогаҳ даромадам.
Аввал чандин маротиба паҳлу гашта, сонӣ...
Хоб дидам.
Марям-холаро.
Дар деҳаи мо ба ҳамин ном як пиразани бадбахт зиндагӣ мекунад. Солҳои ҷанг ҳам аз шавҳараш ва ҳам аз ду писараш хати сиёҳ гирифта, тадриҷан хаёлинамо шуда, вай то ҳол тани танҳо рўз мегузаронад. Тобистон, ҳангоми мураххасиам, то ки падару модар ва хешу таборро зиёрат кунам, ба деҳа рафта, ўро низ дар кулбаи фақиронааш хабар гирифта будам.
Марям-хола дар айёми кўдакии ман…
Баъд ҳам – солҳое ки мактаб мехондам, тез-тез ба ҳавлиамон омада, чусту чолок ба кору бори модарам ёрӣ мерасонд. Ва гоҳо мешуд, ки шабона ҳамроҳи ману додарам дар айвони хонаамон хоб карда, дар равшании маҳтоб соатҳои дароз ба мо афсона мегуфт.
Аз он афсонаҳо баъзе... масалан, «Ҳафт додарон», «Маликаи чилгазамўй», «Кали Боқӣ», «Лаку Пак» ва ғайра то ҳол аз хотирам нарафтаанд. Инак, баъди қариб бист сол, ман метавонам онҳоро ҳарф ба ҳарф такрор кунам.
...Марям-холаи пир шаб дар хобам бисёр ҷавон буд; зебо буд. Саропо дар либоси сафед, ба даст китоб... дар соҳили як рўди пуроб қад кашида, ба ман, ки аз ҳусни беҳамтои ў шах шуда, дар соҳили дигар меистодам, ба овози баланд, вале ниҳоят форамаш ғул-ғули дарёро пахш карда, эҳтиёт бош, писарам, муракаб аст кори ин дунёи фано мегуфт.
Боз мегуфт, ки ана ба ту мисолаш: дар азал Офтобу Маҳтоб ду хоҳарон буданд. Лекин ба ҳусни якдигар рашк мебурданд. Рўзе ба кадом баҳона гапи онҳо гурехт. Дар байни ҷанҷол Маҳтоб ҳар замон ба Офтоб мегуфт, ки ман аз ту сад бор хушрўйтар. Офтоб ҳам аз ҷаҳлаш нафуромада, такрор ба такрор дурўғ, ман хушрўй мегуфт. Қисса кўтоҳ, инаш «ман хушруй», ваяш «не, ман хушрўй, ман...» – гўён ҷанҷоли онҳо сахттар шуда, дар ниҳояти кор Офтоб ба ин гапгузаронӣ дигар тоб оварда натавонисту ханҷари худро аз наём кашида, ба рўи хоҳараш чанд зарба зад ва саркану покан гурехт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор