Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аспи падарам...
Дурусташ, аспи давлату лекин падарам...
Азбаски солҳои сол ҷангалбонӣ мекард, онро аз ҳисоби кадом идора савор шуда мегашт.
Як рўз падарам аз кўҳ омада, зуд оши бурида хўрду дар болои кўрпача дароз кашида, гарму нарм гуфт, ки рав, писарам, аспро ба дарё бурда, об дода биё. Мани он вақт даҳдувоздаҳсола аз ин хоҳиши вай ниҳоят хурсанд шуда, савори асп филҳол ба лаби дарё расидам.
Мепурсед, ки дар ҳамон син аспсаворӣ мекардӣ?
Албатта!
Аз падарам омўхта будам…
Хулоса, дар поини деҳа ба лаби дарё расида, ҷонварро аз об хуб сер кардаму дар бозгашт – аз кўҳтал гузаштан баробар тозондам. Падарам пеш чандин маротиба исрор ба исрор гуфта буд, ки номаш аспро… баъд аз об хўрданаш – Тозондан гуноҳ!
Аммо шавқи кўдакиам боло гирифту ба сағрии ҷонвар қамчин зада, онро дар кўчаи деҳа беибо тозондам. Ман хабар надоштам, ки падарам ба хона омада, зертанги аспро қадре суст кардааст. Аз ин рў...
Вақте ҷонвар дар шаст ба дарвозаи ҳавлиамон мерасид, нохост аз болои вай чаппа шуда, якҷоя ба зертанги кушода ва зину арақчинаш дар ҷўи канори раҳ ғалтидам. Ва дар замини сахт шонаам зарб хўрда, ҳамоно фарёд кашидам.
Охир, ҷўи сабил об надошт – хушк буд, қоқи қоқ буд!
То даме ки фиғони маро шунида, падарам тохта аз хона баромад, асп гунаҳкорона шиҳа кашида, нарм пой кўфта, аз барам дур намешуд; ба нигоҳи чашмони равшан ва калонкалони худ гўё узр мехост. Чунин менамуд, ки вай аз ман дида бештар азоб мекашад; агар он лаҳза фақат шонаи ман дард кунад, пас...
Аз ғояти раҳму шафқат ҳама вуҷуди ҷонвар метапад, таранг мешавад.
...Ба аспи пир ва соҳиби кўзапушту сархами вай нигариста, дар истгоҳи автобус ба як дарди ширин беихтиёр ҳамон воқиаро ба ёд овардам. Ва ҳангоме ки аробаи пурбор рафтарафта, дар пушти хамгашт нопадид гардид, худ ба худ:

пешина
аз 551
навбатӣ