МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Чӣ бало зад ҳафтумро?! – гўён асабонӣ бархостам.
– Ҳозир гузашт-ку, амак, – фаҳмонд писарбачаи хушсурати аз афташ мактабхон, ки чанд дақиқа дар паҳлуи ў хомўш нишаста будам.
– Наход! – гуфтам ман дар ҳайрат ва аз парешонии худ каме шарм дошта, дубора дар лаби харак ҷой гирифта, боз ба ҳар гуна хаёлҳо рафтам.
Раъду барқ ҳамон хурўшида, беист борон мерехт.
Ман...
Чашмам ба раҳ...
Мошинҳои дар ҳаракатро гоҳ медидам, гоҳ не. Зеро дар лавҳи хотирам манзараҳои деҳа пайдо шуда, кўчаи асфалтпўши шаҳрро аз пеши назарам мебардоштанд. Ва ман чун дар овони беғами кўдакӣ талҳои як ба як сабзи дилнавозро баръало дида, дар зери борони баҳор гўё аз сари нав пойлуч метохтам...
Бад-ин минвол аз байн чӣ қадар вақт гузашт, – намедонам. Фақат ҳаминашро медонам, ки:
– Омад, амак, ана... – гуфт ба табассуми ширин писарбача.
Ман аз дунёи дерини худ раҳо ёфта, чашмам ба автобуси ҳафтум афтид, ки дар он паиҳам одамон савор мешуданд.
Даме ки саросема ба дари автобус расидам, писарбача:
– Амак, о ин... – гўён аз остини борониам оҳиста кашид.
Бинам – дар дастам партфел!
Хаёлам, ки кўдаки мактабхон бошам, партфели он писарбачаро беихтиёр аз болои харак гирифта, худро ба сўи автобус задаам.
Мефаҳмед?
Замин накафид, ки аз чашмони дар ҳайрати вай пинҳон гардам. Хайрият, автобус буд...
Ҳозир ана, давида ба идора меравам.
Мақолаи фармудаашонро навишта натавонистам.
Аз кор ҳам дер мондам.
Аввал аз мудири шўъба, баъд аз котиби масъул, баъд аз муовини сармуҳаррир ва баъд аз худи ў бе муҳобот гап ҳам мешунавам.
Хайр, ҳеҷ қисса не. Одат кардаам ба талху тунд…
Бадии кор дар он ки ман сабаби ин ҳолатамро, решаи дарди диламро равшан дарк карда наметавонам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор