Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва дўстон боз танҳо мемонанд.
Ҳотамбек нон мешиканад.
– Кай омадӣ?
– Дина бегоҳӣ... – мегўяд Нозилҷон.
– Зану фарзандонатро ҳам овардӣ?
– Не, танҳо омадам. Вақтам танг буд – худо хоҳад, фардо баргаштаниам.
– Аз дидори модарат сер нашуда?
– Чӣ илоҷ! Кору бор, ташвиши рўзгор...
– Тобистон, баъде ки як ҳафта барин дар деҳа истода, бозпас рафтӣ, – пешонии фарохашро ба ангушти ишорат туктук мезанад Ҳотамбек, – ин акаат қариб мемурд.
– Узр мехоҳам, ҷўраҷон, ман дер шунидам. Лекин пурсида, аз ёру бародарон фаҳмидам, ки ҳарчи сиҳат ёфтаӣ. Пас осуда шудам.
– Як мўъҷиза буд ба по хестани ман. То ҳол боварам намеояд...
– Аввал аз шафоати худо донистан лозим. Баъд аз тоқати ҷону ҷигари худат…
– Гуфтанд ту ҳамон рўзҳо сафари хидматӣ доштаӣ.
– Бале, Кобул рафта будам.
– Дар ин муддат ягон чиз менавиштӣ, ё фақат кору бори давлат?..
– Кам-кам... Ку бинем, оқибат чӣ меояд ба кафлес.
– Агар менависӣ, иншооллоҳ, ҳосилаш хуб аст. Ту истеъдоди баланд дорӣ, дўстам. Росташро гўям, вақтҳои охир туро бисёр пазмон шудаам. Зуд-зуд аз модарат пурсида меистам, ки чӣ хату хабар ҳаст, занг мезанад ё не...
– Хуб, акнун ҳикоят кун, – чӣ тавр афтидӣ ба ин аҳвол?
– Баъд ту маро ба масхара нависӣ, а!
– Муносиб бошад, чаро не?!
Ҳотамбек, чеҳраи зардинааш шукуфон, даме сукут варзида, чунон ки нохост ба ягон амали хавфнок тасмим гирифтааст, айёрона мегўяд:
– Майлат, ба ту ҳамаашро нақл мекунам. Лекин... аввал табъи дил адаби ин занакро додан лозим.
– Яъне? – ҳайрон мешавад Нозилҷон.
– Ҳоло мефаҳмӣ, – хандон аз ҷой мехезад Ҳотамбек ва аз пушти кат як шиша арақи накушода оварда, масрур дар паҳлуяш мегузорад.

пешина
аз 551
навбатӣ