МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Ҳаминакро дукаса фурў мебарем.
– О ин бисёр. Баъд... оё мумкин аст ба ту? Ҳарорат дорӣ...
– Аз рўзе ки ба он фалокат гирифтор шудам, занак нўшиданро қатъиян манъ кард. Вай ҳатто аз гапгузаронӣ намегардад. Аммо акаат, рафту харҷаш аз кисаи дигарон бошад, баъзан менўшад кам-кам.
– Аз янга пинҳонӣ албатта?
– Чӣ илоҷ! – сараш андак хам, сард оҳ мекашад Ҳотамбек. – Агар не, дар бало мемонам.
– Ҳар чӣ бошад, зиёд аст вай. Ана ҳаминаш кифоя, – шишаи кушодаро нишон медиҳад Нозилҷон.
– Не, дўстам. Модоме менўшем, аз табаррукаш менўшем.
Худат-ку нағз медонӣ: аз Исматулло дар зимистон ҳатто барф рўёнда намешавад. Эҳа-аа...
– Воқиан, чӣ ҳол дорад шон?
– Гаштааст бе дарду ғам. Дунёро об барад ҳам, мижааш хам намехўрад. Саҳар як сари қадам омада буд. Ин Шералӣ, – ногаҳон лақаби навъи шиша, ки онро аз номи ҳофизи гарданаш бисёр дарози Ўзбакистон гирифтаанд, ба ёдаш расида, механдад Ҳотамбек, – аз ҳиммати Исматуллоҷон, аз пули бедардимиёни дўсти бачагии худамон. Яъне табаррук!
– Беморбинии баарақ, а? – низ механдад Нозилҷон.
– Ҳа-а, бачамард дар кисаи даруни борониаш овард. Чашми янгаатро, ки қаравул меистод, намедонам чӣ хел реб дода, сари вақт дар пушти кат монда рафт. Ё чӣ бало, аз омадани ту хабар дошт?! Дар ҳар сурат одам аз насибааш рўй намегардонад...
– Хабар дошт албатта. Саҳарӣ, зоғи сиёҳ нулашро наолуда, ба ман занг зада буд... Хайр, кушо акнун, – маҷбур гардан мефурорад Нозилҷон.
– Ҳай муғамбир аст ин ҷўраамон. Як даҳан нагуфт-э!
...Ниҳоят, баъде ки хўрдаву нўшида, шишаро холӣ карданд, Ҳотамбек даҳони онро маҳкам мепўшад ва бурда ба эҳтиёт боз дар ҷояш, дар пушти хамон кати пастак мемонад.
Пас дангал мепурсад:
– Ту қиссаи аз нав зинда шудани маро дар ҳақиқат шунидан мехоҳӣ, ё аз раҳи адаб... яъне дар омади гап гуфтӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор