МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Биллоҳ, ки сидқан шунидан мехостам!
– Ин хел бошад, гўш фаро деҳ. Лекин суханамро намебурӣ. То охир... Хуб?
– Қабул, – табассум мекунад Нозилҷон.
– Лўндаи гап, ман ҳамон саҳар аввал ба анбори хоҷагӣ рафта, аз кали Анвар дар як зарфи дулитрӣ катарин харидам.
– Катарин не, которан, – мўйсари мошубиринҷи базебашро ба ангуштони дарози худ шона мезанад Нозилҷон.
– Ана, суханамро буридӣ!
– Шуд, ҷўраҷон, дигар овоз намебарорам.
– Овозат ки намебаромада бошад, – каме сурфида, оринҷашро ба болин такя медиҳад Ҳотамбек, – буду шуди қисса ҳамин: аввал рафта аз кали Анвар ду литр кота... като... Э фарқаш чӣ? Катарин мегўем, вассалом... Мазмун – аввал дар як зарфи оби маъдан аз ҳамон тухми анқо харида, даҳанашро нағзакак бастам. Ва аз гарданаш гирифта, кали Анварро хурсанд карда, бозпас ба раҳ даромадам. Қад-қади кўча гоҳ ба инаш, гоҳ ба ваяш вохўрда – таомул, охир! – салом-алейк шудаву кам-кам лақида, хотирам аз чор ҳадди дунё ҷамъ, оҳиста меомадам. Бепарво будам. Азбаски он рўз ҳеҷ кори зарур надоштам, шояд аз шарофати фориғӣ... худ ба худ рўҳам меболид. Кўкнориҳо барин ба ҳар гуна хаёлҳои ширин рафта, озод, беташвиш, саллона... ва аз чӣ буд, ки ҳатто бисёр хурсанд қадам мемондам. Ҳамин хел то дари магазинамон расида, чашмам нохост ба Исматулло афтид. Вай ба ду нафар улфатамон – ту онҳоро хуб мешиносӣ, доимианд онҳо, – каме дуртар, дар кати баланди зери дарахт бемалол чорзону зада, ба қавли худаш маишати канори ҳавзи Кавсар дошт. Аввал хостам, ки номаълум гузашта равам. Аммо Исматулло ҳам маро дида, ба ишораи даст даъват карду филҳол аз раъям гаштам. Сабил монад, табиатам беҳад мулоим, – ба ягон кас не гуфта наметавонам... Аз ин рў қанатак бароварда, зуд дар назди вай ҳозир шудам. Ва мо, чор тан паҳлавони гарданшикан, то нисфи рўз аз ҳамон кати пешорўи магазин нахеста, гардани панҷ шишаро бехато шикастем. Газакамон чӣ? – шакароб, нон, камтар мева... Худат медонӣ, ки одам агар ба дўстони бачагиаш давра гирад, ҳар касу нокас пашша нашуда, бар замми ин сўҳбат табъи дил ҷараён ёбад, асло хестанаш намеояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор