МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Усмон Азиз андак хомўш истода, ба пеши пояш нигарист.
Фаши саллаи шоҳиашро боди сабуки атрогин, ки бўи хуши арча ва гулу сабзаҳои кўҳиро меовард, маҳин алвонҷ медод.
Гармии офтоб тадриҷан меафзуд.
...Сипас вай ба Ҷалол, ки чашмонаш аз хурсандӣ медурахшиданд, як назар дўхта:
– Ту ҳамроҳи Ғуломҳусайн ва Қурбон ба ман меравӣ, – гуфт. – Ба дигарон ҷавоб... Дар амон бошед! Шумо ҳам саломат бошед, Ҳалимбой! – Ва даршаст баргашта, ба тарафи аспаш қадам андохт.
Сиёҳмушкин, лаҷоми нуқракўбаш дар дасти Қурбон, чароғпоя шуда, дароз шиҳа кашид. Хари Ҳалимбой аз болои хокистар сар бардошта, аввал ба асп ва баъд ба соҳиби ниҳоят фарбеҳ ва ноҷунбони худ нигарист.
Ба тахтапушти Ҷалол сардӣ давид; гўё дар вуҷудаш чизе канда шуда, ҳама умедашро сели сиёҳ бурд...
Ҳалимбой истод-истоду чунон ки мор газида бошад, якбора аз қафои Усмон Азиз тохт ва ба ў расидан баробар:
– Тақсирам, илоҳӣ ба ҳазор дароед! Ман ҳам, ман... Камтар сабр кунед, – гўён лаб ба ғарибнолӣ кушод. – Зуд ба деҳа мераваму... Зуд лашу лушамро меғундораму... Худоё... ман, охир, дар ин ҷо чӣ кор мекунам? Хонаам месўзад-ку, хонаам... Аз беху бунёдаш месўзад! Хоки поятон шавам, тақсир, баред мани бадбахтро, баред ҳамроҳатон.
– Дафъ кунед аз назарам ин девонаро! – аз тазйиқи ғазаб дандон совида, фармон дод Усмон Азиз.
Ва худи ҳамон лаҳза Ғуломҳусайн, ҷавони барзангии сиёҳчарда, ки қадаш ба қавле манор барин буд, дартоз омада, ба панҷаи серпашми оҳанин Ҳалимбойро маҳкам аз оринҷ гирифт ва забонаш сахт лакнат хўрда:
– Ра-ав, аа-на ха-аарат, – гуфт. Пас ҷасади ўро чун лингаи пур аз ахлот ба поин кашола кард. – Ко-оса-та-аба-қатро ғу-ундору зу-уд ба ро-о-ҳат рав!
Ҷалол ҳоло ҳам дар ҷояш шах шуда меистод. Гўшҳояш қуфл зада, ҳеҷ чизро намешуниданд. Ба назараш на Усмон Азиз менамуд, на каси дигар. Дар пеши чашмони беифодааш фақат як деҳаи хурди зебо метофт, ки вай онро қариб ҳафт сол боз надидааст. Аз пошнаи деҳа Симсим ном рўдаки тезоб мегузарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё