МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
дами теғ барин табассуми сард медавид, нахуст як:
– Ҳмм... – гуфт. Баъд, чашмони калон-калони сиёҳаш танг шуда, оҳиста пурсид: – Шояд ту ҳазл мекунӣ?
– Не, тақсир, не... Ман ба ин азоби алим дигар тоб оварда наметавонам... Ҳамроҳи шумо рафта наметавонам, – гуфт Ҷалол, ғўра-ғўра ашк рехтаву ба мўзаи дар рикоб устувори Усмон Азиз ғуломвор часпида. – Дар ғарибӣ мурдан намехоҳам, тақсир. Падарам пир, модарам пир... Ман фиреб хўрдам. Овора карданд маро, аз қатори одам бароварданд.
Ман акнун инсон нестам, аз саг ҳам бадтарам...
Усмон Азиз аз болои асп, ки ба инод даҳана хоида, лаҷомашро ҳар замон аз дасти ў мекашид, ба тори сари хам ва салладори хизматгораш фурсате дар қайди ҳайрат назар дўхта истоду:
– Ҷалол! – гуфт ниҳоят ва ҳамоно бефарқ ба пайроҳаи пеши сиёҳмушкин нигарист.
Аз ин овози батаҳдиди хоҷааш Ҷалол дучанд тарсида, ба мўзаи вай бештар ҷафс шуд.
– Лаббай, тақсирам...
– Ман ба ту аввалин бор дар куҷо вохўрда будам?
– Дар Пешовар.
– Аз он вақт чанд сол гузашт?
– Панҷ сол.
– Ту дар Пешовар чӣ кор мекардӣ?
– Исломча маро ҳамроҳаш бурда буд.
– Падару модарат ин қадар азиз бошанд, барои чӣ рафтӣ?
– Фиреб хўрдам, тақсир... Одам ҷамъ карда, тиру туфанги бисёр гирифта, гашта меоем гуфта буд қўрбошӣ. Худо хоҳад, диёрамон боз мусулмонобод мешавад гуфта буд.
Мани аҳмақ бовар карда, фанд хўрда...
– Чанд сол аз ин пеш рафта будед?
– Қариб ҳафт сол шуд.
– Чанд нафар будед?
– Ягон бист кас...
– Баъд чӣ?
– Худатон медонед-ку, тақсир.
– Баъд чӣ? – аз пайроҳае ки печутоб хўрда, ба боло, то ба арчазорони ғулӣ тўл мекашид, ҳамчунон чашм наканда, дарғазаб такрор кард Усмон Азиз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё