Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Нашунидагиҳо ҳам оқибат шунаванд!
– Баъд... Исломчаро куштанд.
– Кӣ кушт?
– Ҷўраи худаш, Аҳмади аспдузд... Ҳини қиморбозӣ гапашон гурехту ба пушти гарданаш корд зад. Даму дуд корд зада, боз хандид…
– Кӣ гунаҳкор буд – Исломчаи дайду, ё Аҳмади аспдузд?
– Исломча, тақсир. Вай ҳама вақт як танга-ним тангаи ба азоб ёфтаи моро кашида мегирифт. Дар қиморбозӣ ҳам фиреб медод.
– Сазои сараш... Баъд чӣ?
– Баъд мо парешон шудем. Намурам гуфта, ҳар кас дар ғами худаш мегашт.
– Рўзе ки ба ман вохўрдӣ, ҳолат чӣ буд?
– Чӣ буд ҳолам... Ҳоли саги бесоҳиб буд, тақсир. Касе ки рост ояд, дар ҳавлӣ ё корхонааш аз саҳар то бегоҳ ахлот мекашидам, машкобӣ мекардам, кунда мекафондам, бор мефуровардам... Аммо шикамам ҳеҷ сер намешуд. Боз ин ки ёди ватан...
– Туро ба ранги зарду дили бадард дида, ман чӣ гуфта будам?
– Саргузаштамро шунида, ғамгин шудед. Ба ошхона дароварда, кабоб гирифта додед, чой фармудед... Баъд биё ба ман гуфта, хонаатон бурдед. Раҳораҳ бароям куртаву эзор харидед, мўза харидед.
Оби дидааш хушк шуда, Ҷалол акнун оромтар гап мезад. Вале... ба хоҷааш дар як ҳолати раҳмовар умед баста, пои ўро ҳамон сар намедод.
– Бале, – гуфт Усмон Азиз, – ба хонаам бурдам туро!
Ҳаммом кардӣ, сарулибоси тоза пўшидӣ, ҷои хоб ёфтӣ. Дар кисаат пул андохта, сидқан гуфтам, ки ҳамтанги ман бош, ҷавони коркун менамоӣ – ташвиши дўкондорӣ ба як худи ману Қурбон вазнин; ғайр аз ин… ту ҳам мисли мо тоҷик будаӣ, ғарибу овора будаӣ. Агар розӣ ҳастӣ, аз ҳамин рўз эътиборан туро додар мехонам... Гапам рост?
– Рост, тақсир. Ман ҳам, худатон медонед, ба ҷону дил дар хизмати шумо будам.

пешина
аз 551
навбатӣ