Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фақат боз ками дигар бошад ҳам, дар рўи ин дунёи равшан зиндагӣ кардани вай бисёр мушкил аст.

1986

РОҲИ ПАСТ, БАЛАНД...

...Ҳамроҳи дўсти маскавиаш Мансур дар тараддуди бозгашт буд.
Зодгоҳи ин ҷавони содадили ҳоло сисола, ки баъд аз хатми мактаби миёна дар институти палитехникии Шаҳр хонда ва ба ризояти падар ҳамон ҷо монда, зан гирифта, ҳашт сол боз дар муассисае меъмор шуда кор мекард, ба дўсташ ниҳоят хуш омад.
Онҳо қариб як ҳафта дар деҳаи на чандон калони обу ҳавояш тоза, пур аз дарахтони сарсабз, боғҳояш серҳосил ва меваҳояш шаҳдбор, ки дар қади дарёчаи шўхи кўҳистон воқеъ буд, табъи дил истироҳат карда, ранги рўяшон тозатару ҷисмашон гўё солимтар гардида, акнун дар нияти бозгашт ба Шаҳр буданд.
– Ба мо иҷозат, додо... дигар вақт надорем, – шаби гузашта ба падари мўйсафедаш фаҳмонда буд Мансур. – Андрей фардо ба Маскав мепарад, билет дорад. Ғайр аз ин... дар идора кори худам ҳам бисёр. Панҷрўза рухсатии гирифтаам ана... тамом шуд.
– Майлат, писарам, – ба оҳанги каме риққат гуфта буд дар ҷавоб падар. – Ин дафъа мўлтар истодӣ, моро хеле хурсанд кардӣ... Ба аҳли оилаат салом расон. Тану ҷонат сиҳату сарат баланд бошад, корат ҳамеша ривоҷ ёбад, – хотири мо ҷамъ!
– Ягон ҳафта пас боз меоям. Ба келину набераатон...
– Кошкӣ! Мо ҳама ба дидорат зор... Худат мебинӣ, ки ман пир шудаам, умрам кам мондааст: мўйсафед-мардум офтоби лаби бом барин.
– Ин хел нагўед.
– Ту хафа нашав, писарам. Кори дунё ҳамин – омадану рафтан дорад. Ҳоло ки зинда ҳастем, якдигарро зуд-зуд дида истодан баробари ҳазор тилло.

пешина
аз 551
навбатӣ