МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Рост, додо...
– Рафиқат инсони нағз будааст – хоксор, хушфеъл, меҳрубон. Ба вай фаҳмон, ки моро фаромўш накунад. Фурсат ёфта боз биёяд, ин дафъа ба зану фарзандаш...
– Соли дигар ҳатман меояд. Мо дар ин хусус аҳду паймон бастем, – гуфт Мансур ва ба дўсташ Андрей, ки дар сари дастархони пур... аз паҳлуи мўйсафед тавонам-натавонам чорзону зада, дар як табассуми гарм ба сўҳбати падару писар гўш медод, оҳиста рўй оварда, ба забони русӣ мулоим пурсид: – Ҳамин тавр не?
– Дар бораи ман ҳарф мезанед?
– Албатта... Падарам мегўянд, ки ба рафиқат фаҳмон – зану фарзандашро ҳам гирифта биёяд, моро аз хотир набарад; дар ин боғи салқини мани мўйсафед ҳар қадаре хоҳад, истироҳат кунад… мева хўрад, нафаси озод гирад.
– Ташаккур. Ман акнун падари туро сидқан ба худ падар хондаам. Насиб бошад, ҳоло ҳамдигарро боз мебинем, бисёр мебинем.
Ин сухани самимии дўсташро, ки дар деҳа чанд калимаи тоҷикӣ ёд гирифта, аз таҳти дил хурсанд шуда, баъзе аз онҳоро хандаовар талаффуз мекард, Мансур ба падараш шарҳ дода, такроран гуфта буд:
– Андрей соли дигар ҳам меояд, додо, ҳатман меояд.
– Айни муддао, писарам. Деҳа ба вай форида бошад, рафту ягон камбудиамонро дида, аз мо наранҷида бошад, – олам гулистон!
– Баръакс... беҳад хурсанд, ки ниҳоят ба расму оин, хулқу хў ва рўзгордории мардуми кўҳистон ошно шуд.
– Мо ҳам хурсанд. Лекин афсўс... дуруст сўҳбат карда натавонистем. Айби худам – забонашро намефаҳмам. Бо вуҷуди ин аз шишту хезаш донистам, ки ҷавонмард аст, дилаш оина барин соф. Рўи камиро набинад, умраш дарозу ризқаш фарох бошад.
Шаби гузашта дар сари дастархон ҳамин гуна гуфтугў доштанд онҳо. Мўйсафед гоҳ ба писарашу меҳмони ў ва гоҳ ба кўлбори тахту даҳанбаста, ки дар як кунҷи айвон каҷ шуда меистод, беихтиёр назар давонда, батамкин сухан меронд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор