МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Кӣ ҳамон дигар кас?
– Фарқаш чӣ, – гўё ба вай одат шуда бошад, Мансур аввал даст афшонда, баъд тўрхалтаи пур аз себҳои калон-калони сурх ва ҷомаи падараш ба Андрей пўшондаро бардошта, аз поғундаҳои сангини айвони баланд поин фуромад.
Аз қафои ў ва дўсташ ҳама аҳли оила қатор шуда, сўи дарвоза рафтанд.
Собиқ ҳамсояи муйсафед Зафарбек низ...
– Шуморо ман бурда мемонам, – гуфт вай ба забони русӣ.
Андрей, дар китф кўлбор, сари андак каммўяш луч, ба чеҳраи дар офтоб қариб ҷигаррангшудаи ў сабук назар афканда, ба маънии «ихтиёр...» абрувони пайвасташро қадре боло кашид.
– Лекин... ба шарте ки шарм надоред. Мошини ман фасон не – «Запарожетс»!
– Медонам, – якбора хурсанд шуда, сухани ўро аз даҳонаш гирифт Мансур. – Мо, шаҳриҳо, ба қавли шумо одамони мураккаб бошем ҳам, ба мошини фасон сахт одат накардаем.
– Боз беҳтар! Ана... марҳамат, рафтем.
Вай бори онҳоро дар боғоҷмонак гузошта, дари мошинашро, ки наппа-нав ва озода буд, ба эҳтиром ва бисёр хоксорона аз ду тараф кушод.
Ба ҳама гарму нарм хайрухуш карда, аввал дўсташ ва пас Мансур аз нишастгоҳи қафо ҷой гирифтанд.
– Ҳамон муҳиммат чӣ буд? – пурсид мўйсафед, вақте ки Зафарбек мошинро ба кор андохта, даст ба чанбари фармон мебурд.
– Имсол, чашм расидагӣ барин, ангури боғамон маза надорад, бобо, – хок задааст.
– Мўл об монда будӣ?
– Мўл ҳам нею намедонам барои чӣ... Хайр, бегоҳ омада маслиҳат мегирам, ё пагоҳ... Аввал инҳоро ба манзил расонам.
– Ҳазор раҳмат ба ту! Асло мўҳтоҷӣ набинӣ, – дар ҳаяҷон гуфт мўйсафед, Ва ба онҳо сафари бехатар хоста, дуои нек кард; сидқан даст ба рўй кашид...
Мошин дар ҳаракат омад.
Ҳангоме ки деҳа қафо монд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор