Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Дидед, пур... – гуфт Зафарбек.
– Сарашу равғанаш! – тамасхур кард Мансур. – Пур меравад ё холӣ, ман ба вай дигар кор надорам.
– Баъзан кор доштан лозим. Вагарна Хаскаш барин одамони гургтабиат, ба илова рўбаҳи маккор дунёро меолонанд; безеб мекунанд дунёро!
Ин суханони Зафарбек дар як эътирози омехта ба таассуфу дард гўё аз қаъри дили ў берун омада, Мансурро даме ба андеша бурданд.
Рост мегўяд, рост...
Имрўз фиреб хўрдани вай, яқин зиқ шудани дўсташ низ – ҳеҷ қисса не, фаромўш мегарданд.
Лекин аз даҳ, ё аз сад нафар якта бошанд ҳам, дар рўи замин беҷазо мондани хаскашҳо хавфнок аст.
Оре, хавф доранд чунин тоифа! Барои ҷамъият, барои ҳар навҷавони ҳанўз хом, ки рафтору кирдори онҳоро ба ду чашми сар дида, эҳтимол ҳаваси пулу моли муфт ҳам мекунанд...
– Вай ҳоло тахмин зад, ки ман шуморо то Шаҳр мебарам, – гуфт Зафарбек.
– Аз куҷо медонед? – пурсид Мансур.
– Медонам. Сабаб чист, ки ман мағзи ҳар нағмаи ўро, ҳар нимкосаи таки косаашро қариб ҳамеша ҳис мекунам. Вай ҳам хислати маро хуб медонад; медонад, ки агар ман касеро ба мошинам шинонам, ҳаргиз дар нимароҳ намемонам.
– Пас моро то Шаҳр мебаред?
– Набошад чӣ! Ман дар худи деҳа якбора ба ин қарор омада будам.
– Ташаккур.
– Бигузор ин дафъа ҳам тахмини Хаскаши мо рост барояд, – хандид ў. – Вале аз Раҳи калон гузашта меравем.
Масофаи байни Пулихокӣ то Шаҳр наздику... қисми бисёраш шағалпўш, баъзан ҳатто вайрон.
– Аз куҷое ки рондан хоҳед, ихтиёр ба худатон. Сиҳатсаломат ба Шаҳр расем, кифоя.
– Мерасем, нарасида чӣ...
Вай баъд аз даҳ-дувоздаҳ дақиқа як хамгаштро гузашта, ба дуроҳае расиду мошинро ба дасти рост гардонд.

пешина
аз 551
навбатӣ