Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Запарожетс» чаққон мерафт.
Зафарбек хурсанд буд; зери лаб кадом оҳанги шўхро замзама мекард.
Андрей ба вай дар рағбат гўш дода, чеҳрааш шукуфон, гоҳо дар ҳавои банизоми он оҳанг калла меҷунбонд.
Ягон даҳ дақиқаи дигар гузашту...
Ба Раҳи калон расиданд ва Зафарбек:
– Ана, боз Хаскаш! – гуфт.
Дўстон ба пеш нигариста, дар як тарафи раҳ, дуртар аз ошхонаи пастаки назарногир, дар байни ду-се мошини ҳархелаву қариб бист нафар одам...
«Волга»-и Хаскашро диданд.
Вай акнун рў ба маркази ноҳия меистод.
Худаш ба чор-панҷ нафар зану мард, ки дар гирди ў ҷамъ омада буданд, чизе мегуфт. Лоғар, қадаш дароз, гарданаш борик...
– Истем? – чашмак зад Зафарбек.
Мансур ба дўсташ нигарист.
– Ба вай пурсупос карда гузарем. Агар не, айб мешавад.
– Ихтиёр...
Ва онҳо истоданд.
Дар тарафи дигари раҳ...
Хаскаш худро ба нодонӣ андохта, андак рўй гардонд; аз байни одамон ба як марди мўйлабдори ғафс ва деҳқонҳайат гуфтугўяшро бепарво давом дод.
– Акаи Хаскаш! – нидо кард Мансур.
Ў нашунид, ё худ...
– Ҳой, акаи Хаскаш! – ин навбат ба овози баланд ҷеғ зад Мансур.
Ниҳоят вай баргашта, аввал ҳайрон-ҳайрон ба онҳо нигарист ва пас, вақте ки Мансур ба дасташ имои «ин ҷо биёед» кард, зуд омад. Омаду:
– Эъ, ассалому алайкум! Шумоён то ҳол нарафтед? – гўён, дар сурате ки нигоҳи чашмони беқарорашро мегурезонд, аз тиреза сар халонд.
– Ана, меравем, – дастонашро ба ҳам совида, маънидор ба Зафарбек ишора намуд Мансур.
– Ҳа-а, нағз. Мошинашон майда бошад ҳам, ин кас ҷудо баҳамият.

пешина
аз 551
навбатӣ