МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
ХОҶАМАСТ
Тақ-тақи ногаҳони дарвоза сўҳбати гарми онҳоро бурид.
Ба маънии «кӣ бошад...» Музаффар ба рўи падараш суоломез як нигоҳ карду аз сари дастархон хеста, ҷониби кўча рафт.
Азбаски пеши пояш торик буд, вай аввал чароғ даргиронда, пас дарвозаро кушод. Ва дар партави равшанӣ мудири анбори калхоз Хоҷа Сайфиддиновро шинохта, акнун салом додан мехост, ки худи ў беқарор сухан ангехт:
– Эъ, эъ!.. Кай омадед, додар? Ана, дидори шумо муяссар шуд... Саломатӣ дуруст? Кору бор?.. Шунидам, ки дар Душанбе муаллими калон будаед. Баиззату эҳтиромед... Нағз, бисёр нағз. Дар қатори дўстон мо ҳам хурсанд.
Музаффар хоҳам-нахоҳам ўро ба хона таклиф кард.
– Не, додар, вақтам танг. Ба падаратон як кори зарур дорам. Агар бошанд, Хоҷа-амакам шуморо пурсида омадаанд мегуфтед...
– Дароед, падарам дар хона.
Пас аз қадре дудилагӣ Сайфиддинов, ки мардуми деҳа барои даҳанкалониву бадавлатӣ ўро Хоҷамаст ном мебурданд:
– Ха-йр, бафурҷа гап занам, боз беҳтар, – гўён аз қафои Музаффар вориди ҳавлӣ гардид.
Насим-амак меҳмонро ба чеҳраи кушода пешвоз гирифта, дар канори дастархон шинонд; аҳвол пурсид. Ва ба вай як пиёла чой дароз карда, мулоим гуфт:
– Шамоли куҷо паронд, Хоҷабой? Ин хел… ба кулбаи мо ҳам қадам мегузоштаед?!
– Тақозои зиндагӣ, ака...
– Ҳа, албатта.
Ба ҳамин ҳар ду хомўш монданд.
Музаффар низ сукут мекард.
Насим-амак риши мошубиринҷи худро панҷа зада, ба гўшаи айвон назар медўхт.
Сайфиддинов пиёлаи чояш ҳоло ширгармро, чунон ки хиҷолат мекашида бошад, музтариб ба лаб мебурд.
– Гап занед, Хоҷабой, – гуфт ниҳоят Насим-амак, хомўширо барҳам дода.
Музаффар аз ин рағбати падар дар ҷояш як ҷунбида, ба ҳайати Сайфиддинов нигоҳи маънидор афканд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор