МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ҳайрон монд.
– Бемазҳаб, – гуфт оҳиста Зафарбек ва маторро ба кор андохт.
Дўстон, ҳар кадом дар қайди андешаи худ, беш аз ним соат хомўш буданд.
Баъде ки хеле масофаро тай карданд, Андрей ба Зафарбек нигариста, нохост, вале дар тамкин гуфт:
– Ман, додар, аз деҳаи шумо ба таассурати нек меравам.
Орзу доштам, ки ба падари ана ин дўсти азизам шинос шавам. Ниҳоят... ба орзуям расидам. Инсони бузург будааст падари дўсти ман! Ғайр аз ин... боз хеле одамони хубро дидам. Беҳад хурсандам, ки ба шумо ҳам вохўрдам. Ман ҳоло бисёр мехоҳам бароятон аз худ хотирае гузорам. Лекин... узр, ки ҳамроҳам бисоти арзанда надорам...
– Ба ман ҳеҷ чиз лозим не, – гуфт Зафарбек, қадре даступо хўрда.
– ...Лозим буд! Хайр, боз ҳамдигарро мебинем. Кўҳ ба кўҳ намерасад, одам ба одам мерасад... Касби ману ин ҳамдеҳаи шумо як – меъморем мо. Рўзе агар хона сохтан хоҳед, баъд... агар розӣ бошед, тарҳи он хонаро ман худам мекашам. Фақат мактубе навишта, дар ин бора хабар расонед, кифоя...
– Менависам, ҳатман менависам.
– Ташаккур аз шумо; барои хизмати беминнат, барои нияти покизаву чеҳраи кушода.
– Ҳамин ҳам хизмат шуд? – ба ҳаяҷон омада, аз самими қалб гуфт Зафарбек. Ва фурсате ба сукут рафта, гўё худ аз худ пурсид: – Бахт чист?
– Инро ҳар кас ҳар хел мефаҳмад, – гуфт Мансур.
Дўсти маскавиаш хаёлманд сар ҷунбонд.
– Рост...
– Ба назари ман бахт, бахти аз ҳама бузург… – ба номаш инсон хурсандӣ бахшида, дар дили ў тухми накукорӣ, тухми муҳаббат киштан аст, – гуфт оҳиста ҷавони биступанҷсола Зафарбек ва суръати мошинро бардошт.
Раҳ ба сўи Шаҳр тўл мекашид.
Ба пастӣ, баландӣ, каҷӣ ва килебиҳои худ тўл мекашид...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор