Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Агар имрўзро ба ҳисоб нагирем, дар бадали панҷ сол ягон маротиба туро ранҷондам?
– Не, тақсир, ҳаргиз...
– Хаққи хизмататро тин ба тин медодам?
– Ҳа, тақсир, ҳатто зиёд медодед.
– Ё туро аз фарзандони худам кам медидам?
– Не-не, ман агар некиҳои шуморо фаромўш кунам, кўр мешавам.
– Харҷу хароҷоташро ба гарданам гирифта, порсол ба ту зан додам. Хурд бошад ҳам, ба сарат кулба харидӣ. Хотират ҷамъ буд. Ё гумон мебурдӣ, ки ҳамаашро аз насақи қиморбозиву кўчаҳои гадоӣ ёфтӣ?
– Не, тақсир, не! Ҳазор бор не...
– Не ки бошад, пас имрўз барои чӣ аз ман ҷудо шудан мехоҳӣ? Барои чӣ дар ин аҳволи танг маро танҳо монда, фақат ғами худатро мехўрӣ?
– Охир, ватанам, падару модари пирам...
– Ватан мегўӣ? Ман ҳам дар ҳамин кўҳҳо ба дунё омадаам. Ин обу ин заминро шояд аз ту болотар дўст дорам. Аҷдодаҷдодам дар ҳамин ҷо хок шудаанд. Ё ту эҳтимол фикр мекунӣ, ки ман асло намесўзам? Барои то чӣ дараҷа сўхтани маро донистан диламро аз қафаси сина канда, қабат-қабат хокистарашро ба ду чашми худ дидан лозим.
Ҷалол дасташро аз соқи мўзаи вай гирифта, вазнин сар хам кард.
– Гап зан! – гуфт Усмон Азиз.
– Ман... ман аз шумо то қиёмат миннатдор. Лекин... дигар наметавонам, тақсир. Ҷавоб диҳед маро, садқаатон шавам, ҷавоб диҳед мани раҳгумро! Агар не, мемурам – хўрокам заҳр мегардад, пўшокам кафан.
– Мемурӣ?! – ногаҳон наъра кашид Усмон Азиз ва лаҷомро зуд ба дасти чап гузаронда, дасти росташро ба ғилофи маузер бурд.
Асп дар таки пои ў безобита шуда, ёл афшонд, сум кўфт, гарданак зад.
– Охир…
– Дуртар рав! – гуфт Усмон Азиз, сар то пои дирўза додархондашро ба чашмони барқзои худ сўзонда.

пешина
аз 551
навбатӣ