МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
ба тиреза ҷафс шуда менишаст. Аҷаб шаклу шамоили ҳақирона дошт вай. Чашмони андак хурди сиёҳаш тарсу метофтанд. Пойафзори арзонбаҳояш лой ва дарида буд. Китфонаш лоғар, мўи парешон ва эҳтимол рўзҳо инҷониб ба шона вонахўрдааш тунук. Дастонаш дароз, безеб... Бар замми ин ангуштони борики ў дар сари зонувони тезаш ҳеҷ ором намегирифтанд – меҷунбиданд, қуфлу калид мешуданд, меларзиданд.
Автобус дар яке аз кўчаҳои на чандон равшани канори шаҳр ба суръат раҳ мепаймуд. Вай аз байни он қасабаҳои нообод гузашта мерафт, ки ба якрангӣ, иморатҳои паст ва ҳавлиҳои бетартиби худ ҳар дафъа дар дили кас ҳузн тавлид мекарданд.
Аз афташ аён – ҳампаҳлуи ман ҳам ҳоло аз манзараҳои носози ду самти кўча, ки дар тасарруфи шаби нимторики тирамоҳон ба назар тазйиқовар менамуданд, дилтанг мешуд.
Шояд ман ғалат мекунам...
Балки ин ҷойҳо ба вай мақбуланд.
Боз... кӣ медонад?
Лекин табъи ман торафт хира мегардид. Аз торикии ғояти шаб, аз раҳи дури хонаам, аз автобуси фаршу курсиҳояш чиркин, аз ҳавои рутубаташ вазнин...
Мехостам ба касе ҳамгап шавам. Вай ягон чиз гўяд, ман чизи дигар гўям. Вай хандад, ман ҳам хандам, бемалол хурсандӣ кунам.
Аз ин рў боз ба ҳампаҳлуям нигаристам.
Ва ҳайрон шудам. Чӣ хел, ки ў ба ман... қадре монанд буд. Аммо аз кадом ҷиҳат – инашро фаҳмида натавониста, хомўширо авло донистам.
Чӣ лозим беҳуда лақидан!
Маълум, ки вай ҳам ман барин як одами одӣ. Дар зоҳираш ҷаззобӣ ё фавқулодда ифодае нест, ки боиси майлу таваҷҷўҳ гардад. Ақлу идрокаш низ яқин муносиби шаклу шамоилаш, гиребони каме чиркинаш...
Вале барои чӣ худро ин қадар ба тиреза ҷафс карда нишастааст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор