Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба хаёл меравад эҳтимол. Ва гўё...
Тарсе ҳам дорад.
Аз чӣ метарсад?
Аз кӣ?..
Ман беихтиёр табассум кардам.
Аз айёми донишҷўӣ шахсеро мешиносам, ки агар кўча барояд – хоҳ дар шаҳр, хоҳ дар деҳа… – ҳамеша так-таки девор мегардад. Як бор кунҷковиам боло гирифта, пурсидам: чаро ин тавр?
«Дар дунё ҳар тоифа одам ҳаст, – озод гуфта буд ў дар ҷавоб. – Аз мобайни кўча гардам, кӣ медонад... Мумкин ягонтааш тела диҳад, китф занад, ҳақорат кунад, ё саг барин дарафтад. Ё аз ин ҳам бадтар – ба кисаам даст халонад... Дар дунё ҳар тоифа одам ҳаст. Эҳтиёт зарар надорад».
Зиёда аз бист сол мешавад, ки ман ба он мард шиносам.
Зуд-зуд ба ҳам вомехўрем; гоҳо сўҳбат мекунем. Аммо то ҳол чӣ инсон будани ўро фаҳмида наметавонам...
Инак ман он шиносамро дар хотир оварда, беихтиёр табассум кардам. Ва ногаҳ боз ба паҳлуям нигаристам.
Ҳар ду чашмаш дар пушти тирезаи автобус, вай ҳамчунон ғарқи андеша буд.
Маълум, ки аз кадом ҷиҳате на танҳо ба ман монанд аст...
Бештар он шиносамро мемонад.
Як одами одӣ.
Ман барин, вай барин...
Мувофиқи ҳолаш, ҷаҳонбиниаш, вазъи асабаш албатта хўю хислате ҳам дорад.
Кам нестанд ин гуна одамон.
Пас ба вай ҳамгап шудан чӣ лозим? Беҳуда...
Лекин вақте ҳампаҳлуям банохост:
– Акнун фаҳмидам; фаҳмидам, ки чӣ тавр дар саросари дунё шўҳрат ёфтан мумкин, – гуфта, ба чеҳраи рангпаридааш қадре хун давид, ман дар ҷои нишастаам карахт шуда, фикрамро дар бораи вай ҳамоно тағйир додам.
На аз он сабаб, ки дар барам як шахси ба назар ақлаш коста менишаст – охир, дар байни шиносҳои ман ин қабил одамон ёфт мешаванд. Мумкин дар байни ёру ошноҳои шумо ҳам якта-нимта бошанд.

пешина
аз 551
навбатӣ