МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Бешубҳа.
– Оё медонед, ки дар шаҳрҳои калон зиндагӣ кардан барои он бечораҳо – хоҳ зан бошанд, хоҳ мард – то чӣ андоза душвор аст?
Ман китф барҳам кашидам.
– Чаро душвор?
– Ана, дидед: шумо намедонед! Аммо ман медонам.
Аз ин қатъияти вай бештар ҳайрон шуда, боз китф барҳам кашидам.
– Шояд.
– Шояд не, бешак! – гуфт ў ба як эътимоди комил ва дар чашмони хастааш оташаке падид омада, сухани худро идома дод: – Ман медонам азоби онҳоро, нағз медонам.
– Аҷиб-ку.
– Аҷиб ҳам гап?! Хуб... ҳоло гўш кунед. Шумо ба ман зуд мақбул шудед. Вагарна дар ин хусус ба ягон кас даҳан намекушодам. Бигузор Афлотун бошад... Лекин шумо ба ман бисёр хуш омадед.
– Ташаккур. Сари маро ба осмон расондед.
– Пас гўш фаро диҳед, – такроран гуфт вай, ду-се бор сурфидаву гиребони сахт ғиҷимшудаи пиҷакашро андак ба тартиб оварда. – Боре ман аз калонтарин кўчаи як шаҳри калон... ҳозира барин автобуссавор гузашта, ба хонаи рафиқам мерафтам. Вале он автобус ин гуна холӣ не, балки пур аз одам буд. Ман дар пешгаҳ рост меистодам. – Вай даме хомўш монд. Пас ба абрувони борикаш гиреҳ андохта, рост ба рўям нигарист. – Ҳоло ба шумо чӣ гуфтам?
– Боре дар кадом шаҳри калон...
– Бале, дар шаҳри калон, ниҳоят калон... Ман аз меҳмонсаро баромада, ба хонаи як рафиқам мерафтам. Кӣ будани ўро ба шумо фаҳмондан шарт не. Фақат ҳаминашро мегўям, ки ин хел одамони хушком дар дунё ками дар каманд... Хулоса, ман дар пешгаҳи автобус будам. Ба гузаргоҳе расидему аз чароғҳои раҳнамо баногоҳ сурхаш даргирифта, автобус таққӣ истод. Кўча аз ду тараф пур-пури мошин буд; дар интизори чароғи сабз... Мефаҳмед, мошинҳо... сабукраваш ҳам, автобусаш ҳам, боркашаш ҳам... эҳа-а! – ба ҳафт ранг буданд онҳо. Бе тоқат шуда, интизорӣ мекашиданд, ки чароғи сабз даргираду ҳаракати худро давом диҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор