Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Хайр?
– Одамон аз байни ҳамон арасот якдигарро тела дода, сели сиёҳ барин шитобон ба ду бари кўча мегузаштанд.
– Дар ҳама ҷо мошин ҳаст, дар кўчаи тамоми шаҳрҳо гузаргоҳ ҳаст, чароғи раҳнамо ҳаст...
– Дуруст, лекин он хиёбон бисёр васеъ буд. Чунон васеъ, ки эҳа-а-а!
– Албатта, шаҳри калон...
– Шумо аввал хомўш ба гапам гўш диҳед, – гуфт вай, каме сахт карда.
Ва ман аз суханронии бафурсат ва дурушти ҳампаҳлуям дилтанг шуда, лаб фурў бастам.
– Қисса кўтоҳ, ҳама гузаштанд, – боз ба ҳикояташ идома бахшид ў ва ангуштони хушки дасти росташро мушт карда, ба сари зонуяш зад. – Лекин...
– Чӣ лекин?
– Лекин чароғи сабз даргирифту... Ду одами пир, бениҳоят пир – яке мард, дигаре зан... акнун ба мобайни кўча расида буданд. Мошинҳои пеш, маторашон баландтар ғурида, ҳаракат кардан мехостанду барои он ду пиёдагард...
– Маҷбур дар ҷои худ меистоданд, – аз сергапии вай тоқатам рафта, оҳиста гуфтам ман. – Ҳамин тавр?
– Ёфтед!
– Баъд чӣ шуд?
– Ман базўр оби дидаамро нигоҳ доштам.
– Э-эъ! Сабаб?
– Чунки он ду нафари шояд зану шавҳар хеле пир буданд.
– Чӣ илоҷ, одамизод умрашро дидан пас...
– Як бор гуфтам-ку: аввал ба гапи ман гўш кунед, саросема нашавед, – ба миёни суханам лагад зада, омирона фармуд ҳампаҳлуям.
– Бубахшед.
– Хўш ки бошад, онҳо аз мобайни кўча дар азоб қадам мемонданд. Аз ғояти алам тану ҷонам сўхта, ман баръало медидам, ки пиру кампир давидан мехоҳанд. Аммо наметавонистанд – ҳар лаҳза мекалавиданд... Аз тарси он ки мошинҳо ба ҳаракат омада, мабодо зер кунанд, дар ҳарос ба ду тараф нигариста, асозанон таваккал пеш мерафтанд.

пешина
аз 551
навбатӣ