Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Автобус ба суръат пеш мерафт.
Се ҷавони хушлибос, ки сари раҳ ба он савор шуда буданд, аз кадом хусус байни якдигар гап зада, баланд ва беибо механдиданд.
Дар истгоҳи дигар ман фуромадам.
Чунон ҳолате доштам, ки шушам қариб ба даҳонам омада, нафасам мегашт. Охир, марди дар автобус нишаста айнан худи...
Беҳтараш – аз ин боб ҳарфе намегўям.
Ман аз автобус ду истгоҳ пеш фуромадам. Резаборон мерехт; баланд буд рутубати шаби тирамоҳ.
Дар канори шаҳр, аз байни иморатҳои якранги қасабаи ноободе ки дар дили кас, – Бале...
Дар дилу дидаи кас аксаран ҳузн тавлид мекунанд, оҳиста-оҳиста ва андешаманд қадам партофта, ман ба сўи кулбаам мерафтам. Ҳикояти марди лоғари асабинамо ва гиребони каме чиркини пиҷакаш ғиҷим... хаёли маро бениҳоят парешон намуда, аз як кўй ба кўи дигар мебурд. Он қадар кўфтаву хаста будам, ки гўё тамоми рўз санги хоро шикаста, инак дар ҳаваси хонаам базўр пой мебардоштам.
Мегўянд, ки одам агар шабаҳи худашро вохўрад, ба чунин ҳолат гирифтор мешавад.
Ҳамин бовар рост бошад?

1987

СИТОРАИ КОРВОНКУШ

Офтоби тирамоҳ охирин нурҳои ларзонашро аз пештахтаи тиреза ғундошта, оҳиста ба пушти тали Шаҳидон хам хўрд, ки он ҷо қабристони деҳа воқеъ буд. То ин дам магасе ба умеди берун рафтан худро ба шишаҳои тиреза андохта, беист ғинг-ғинг мекард; ҳамон магас, чунон ки аз тарс бошад, баробари фурў нишастани офтоб ногаҳон хомўш шуд.
Хонаро якбора сукунати сард ва тазйиқовар фаро гирифт.
Деворҳои сафеди он ба монанди куртаи суфе ки аз бисёр шустан рангаш паридааст, ноаён хира гардиданд. Сақф гўё пасттар фуромад ва асбобу анҷоми хона дар ҳукми хомўшӣ монда, ҳама ҳузнангез тофтанд.

пешина
аз 551
навбатӣ