Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ман аз ҳикояти ў ҳеҷ чиз нафаҳмида ва ҳам фаҳмида, дар чанги як ҳолати гарон лол мондам.
Автобус дар истгоҳе қарор гирифт (ба он се нафар ҷавони хушлибос дохил шуданд...) ва боз раҳи худро идома дод.
Ҳампаҳлуи ман, ки низ сукут меварзид, гашта ба гап даромад. Акнун паст буд овози вай. Яқин намехост, ки сирри дилашро ҷавонҳо шунаванд...
– Дар шаҳре ки ман месозам, танҳо одамони пиру барҷомонда зиндагӣ мекунанд. Ҳавои он шаҳри зебо ҳамеша мўътадил мешавад. Хиёбонҳо пур аз гулу гулзор, ҷўйҳо пур аз оби равон; сари ҳар қадам фаввора... Дар ягон ҷо мошин наменамояд!
– Ҳамеша мўътадил будани ҳавояш...
– Барои ҳалли ин масъала, – сухани маро бурида, гуфт вай ҷиддӣ, – олимони табиатшиносро ба кор андохтан лозим. Аз дасташон меомадагист.
– Орзуи шири мурғ барин амри муҳол.
– Ҳеҷ қисса не, мағзашонро об кунанд. Онҳо ҳам падару модари пир доранд, ё доштанд…
– Боз як масъала ҳаст.
– Канӣ... шунавем.
– Дар ҳамон шаҳре ки месозед... ман гуфтаниам агар онро созед, шумо одамони пиронсолро чӣ тавр ҷамъ меоред?
– Ба назди ҳар кадомаш рафта, аз сидқи дил мефаҳмонам!
– Розӣ нашаванд, чӣ?
– Ман худам ҳам дар ин бора моҳҳои охир бисёр фикр мекунам. Беҳад бисёр... Лекин шаҳри гуфтаамро месозам.
Ҳатман…
– Мақсади наҷиб.
– Хуб, ҳоло шумо чӣ фикр доред – ман агар ҳамин кори бузургро ба сомон расонам, номам дар таърих мемонад ё не?
– Мемонад, – гуфтам ман, боз ҳам моту мабҳут гардида.
– Раҳмат ба шумо, ҳазор ташаккур. Аммо ин сирри маро ҳеҷ кас нафаҳмад. Илтимос.
– Намефаҳмад, – ҳушам парешон, ваъда кардам ман.
– Пешакӣ миннатдорам.
Ҳампаҳлуям...
Балки ҳамсафари ман аз нав хомўш монд.

пешина
аз 551
навбатӣ