МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Назар сахт доман афшонда, чаққон ба ҳавлӣ даромад ва дарвозаро пўшида, занҷирашро маҳкам гузаронд.
Пас аз чанд рўзи ин воқиа... нафаси бади худаш расид магар, ки вай ногаҳон дар бистари беморӣ афтид. Тўрон-тракторчӣ кина нагирифта, даҳҳо маротиба, гуфтан мумкин аст…
беҳисоб ба аёдаташ омад. Воқиан, дина ҳам омада буд. Аз ў ранҷиданашро заррае нишон намедиҳад. Занаш Рухшона низ доимо аз ҳоли Назар бохабар, инчунин ба кору бори кампири вай ҳар замон ёрӣ мерасонад. Бар падарашон раҳмат, ҳамсояҳои баоқибат будаанд.
Мўйсафедро сурфа гулўгир кард; қариб ки нафасаш ба дарун занад. Вай дуру дароз сурфида, ба мадади кампираш нимхез шуду балғами ба даҳонаш омадаро дар туфдон партофта, аз дил гузаронд, ки чаро ў дар вақташ ба сари Тўрон, ба сари ҳамин гуна як одами покиза маломат овардан хост. Шояд Рухшона сабаб буд ба ин кораш? Не-е... Дуруст аст, ки падару модари вай Назарро ба домодӣ нагирифтанд, ноумед карданд. Лекин ў наранҷид, ба тухми духтар қаҳт наомадааст гуфту монд. Зеро аввалҳо ақида дошт – ба вай қатъи назар аз кӣ буданаш... зан бошад, кифоя. Рухшона нею духтари дигаре. Фарқаш чӣ? Аздусар ба ҳама падару модари деҳа домод шуда наметавонад. Аммо баъд... гўё ногаҳон Рухшонаро ба Тўрон номзад карданду вуҷуди Назарро як ҳисси хунук ва ноошно фаро гирифт. Ва он ҳис рафтарафта, ба кирм табдил ёфт; кирме ки абадӣ дар қалбаш хона гузошт. Агар аз ҳавлии Тўрон-тракторчӣ ду шаб болоиҳам бўи палав ояд, вай худ ба худ таҷанг шуда, дарунашро мехўрд. Бо вуҷуди ин, ҳангоме ба Тўрон рўбарў меомад, сир бой намедод; мекўшид, ки ў аз ҷунбиши он кирми дилаш ҳеҷ гоҳ пай набарад... Аҷаб, охир, Назар-ку Рухшонаро дўст намедошт, умуман дар тўли зиндагиаш ба ягон зан меҳр монда натавонист. Пас чаро... Рост мегуфтаанд – дўст доштан ҳунари ҳар кас не. Инсоне ки ба меҳру вафо қодир аст, бояд табиатан аз бухлу ҳасад ва кинаву кудурат пок бошад.
«Ҳа-а, бухлу ҳасад, кинаву кудурат», – зери лаб пичирос зад мўйсафед, нохост ба чарои худ посух ёфта. Вай бахил буд. Ва ба он кўи паст ман Рухшонаро гирифта натавонистам гуфта, ба Тўрон рашк бурда, яқин аз ғояти бахилӣ қадам гузошт...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор