Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Воқиан ҳам дар масири таърих басо мардони фарзона ба хотири тантанаи адолату ҳақиқат сар ба кундаву дорҳои баланд додаанд, аз зери теғҳои хунафшон гузаштаанд. Вале аз сухани бериё рўй натофтаанд... Нависанда баъзан аз ҳаёти ноҳамвори чунин шахсиятҳо қисса карда, ба як табассуми маҳзун мегўяд:
дар ин дунёи равшан зинда будан кам аст. Бояд ҳар кас дар бунёди кохи адолат ақалан заррае ҳисса гузорад. Вагарна аз омадану фақат дуру дароз зиндагӣ кардан ҳеҷ суде нест...
Ба дард ва гоҳо дар хоса ҳаяҷон ба забон меорад Саттор Турсун ин рақам андешаро. Ва дар аксар ҳолатҳо шабеҳи як нафар, ки касеро зиёда садо мекунаду ҷавобе нашунида, аз ҳосил нашудани муроди хеш дар надомат хомўш мемонад, низ вазнин сукут меварзад. Дар чунин лаҳзаҳо ман пай бурдаам, ки то кадом андоза тану ҷонаш сўхта, заҳри танҳоӣ мечашад ў. Бинобар ин як дафъа, ҳангоме мувофиқи супориши рўзнома ба вай мусоҳибаи муфассал доштам, ақидаи устоди наср Эрнест Хемингуэйро – «зиндагии нависандаи маъруф дар танҳоӣ мегузарад» – ёдовар шудам. Саттор Турсун дар ҷавоб гуфт: «...вақте ки афкору андеша, нуқтаи назар ва ҷаҳонбинии нависандаи баистеъдод аз олами атрофиёнаш, ҳамсўҳбатонаш ва ҳатто дўстону фарзандонаш фарқ мекунанд, яъне ки вай дар кашфи асрори ҳастӣ пеш меравад ва кам касон бояду шояд мефаҳмандаш, хоҳ-нохоҳ эҳсоси шадиди танҳоӣ ба миён меояд».
Адиб он гоҳ дар мисоли ҳунари волои сухангустарӣ, рўзгори пуртазоду печида ва ҳамзамон ба ҳар як эҷодкор намунаи ибрати Хемингуэй мулоҳиза меронд. Вале ман яқин мекардам, ки ин ҳақиқати талхро нависандаи номвари мо аз ҷараёни ҳаёти худ низ дарёфтааст. Зеро маҳалли Саттор Турсун чи дар арсаи адабиёт ва чи дар зиндагӣ ҳаргиз бехалал набуд; зеро вай дар паҳнои эҷод ва ҳаёт ҳеҷ гоҳ роҳи осони фароғат намеҷуст. Балки дар ин майдони мубориза чун бархе аз аҳли тазвир гурўҳбозиву маҳалгароӣ накарда, даҳсолаҳост доимо ба оини ҷавонмардӣ меразмад. Тани танҳо... Ва пойбарҷо ҳам мемонад. Аммо дар муҳите ки кам андар кам гўш фаро медиҳанд, дарди сахт аст танҳоӣ!
Онҳое ки Саттор Турсунро аз наздик медонанд, ҳамкор будаанд, ё боре ба вай ҳамсафар шудаанд, аз гуфтугўи қаҳрамонҳои осораш низ овози гулдуросӣ ва рўҳи мустаҳками ўро зуд мешиносанд. Ёд дорам, нимаи аввали солҳои ҳаштодум камина ва боз ду нафар донишҷўйро барои таҷрибаомўзӣ ба идораи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» фиристоданд.

пешина
аз 551
навбатӣ