Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мо, бачаҳои деҳотӣ, он вақт дар Хонаи адибон нахустин бор шоиру нависандагони машҳурро дида, аз ғояти ҳаяҷон намедонистем чӣ кор кунем. Рўзе дар идораи нашрия менишастем, ки Саттор Турсун ворид шуд.
Мудири шўъбаи санъат Адаш Истад ману ҳамдарсонамро ба вай шинос карда, фаҳмонд:
– Қариб даҳ рўз аст инҳо таҷриба меомўзанд.
– Эҳа-а, – марғуладор хандид Саттор Турсун. – Чӣ хел журналистанд, ки дар муддати даҳ рўз на овозашонро мешунавем, на худашонро мебинем.
Сипас ба мо рўй оварда, мулоим гуфт:
– Агар журналисти ҳақиқӣ шудан мехоҳед, худро ба обу оташ занед. Лозим ояд, барои ёфтани як ҳуҷҷати муҳим дастбагиребон шавед. Рафту ягон роҳбари ҳаромгулў ба тарси фош гардидан аз дар пеш кунад, шумо аз тиреза зада дароед. Натарсед!
Вақте ки муколамаи тезу тунди қаҳрамонҳои Саттор Турсунро аз қабили: «Номард! Модом ки дар зиндагиат ба ин қадар беинсофӣ раҳ медодӣ, танҳо ба ҷони бародари ман не, балки дигаронро ҳам мисли мор заҳр мезадӣ, акнун, ҳангоме дар лаби ин ҷар лаҳзаи мурданат расидааст, ҳеҷ набошад, асп барин рост истода бимур! Наход дар дами вопасин ҳам мард нашавӣ?!» – мехонам, беихтиёр дар пеши назарам симои нависанда пайдо мешавад. Ва ман баръало мебинам, ки вай чӣ тавр аз беимониву беинсофиҳо ба шўр меояд.
Ҳақталош аст нависандаи жарфназари мо! Мутафаккири бузурги рус Виссарион Белинский беш аз сад сол муқаддам оварда буд: «Замони мо танҳо дар пеши суханваре ба зону мезанад, ки зиндагиаш беҳтарин тафсиргари эҷодиёти ў ва эҷодиёташ ҳақбинтарин тавзеҳгари зиндагии ўст». Фикр мекунам ин гуфтаҳо ба кору рўзгори Саттор Турсун низ бебаҳс дахл доранд.
Чӣ тавре борҳо дидаам, адиб набзи айёмро (чи мозӣ ва чи муосир) хеле хуб мешунавад, ба рўйдодҳои гиреҳгири ҳаёт одилона баҳо медиҳад. Барои ин ҷаҳонбинии солим, дидаи дил, қобилияти таҳлил ва албатта дониши амиқ лозиманд. Ҳоло рўй оварем ба рамани «Се рўзи як баҳор», ки дар даврони шўравӣ таълиф гардида, дар он айём ҳама гуна фикру ақидаи ба идеалогияи каммунистӣ мухолиф саркўб мешуд. Вале муаллиф ба назари худ садоқат дошт, – вобаста ба талаби зимомдорони замона навиштаашро дигар накард. Пас аз чанд сол раман ниҳоят ба табъ расид. Ва гузаштаи на он қадар дур собит сохт, ки Саттор Турсун дар баҳо додан ба аслу асоси инқилоби Октябр ва ҳаводиси ҷанги шаҳрвандӣ ҳақ будааст.

пешина
аз 551
навбатӣ