Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аммо нест ҳоло Анвар дар ин ҷо, нест...
Таманно ним сол боз чеҳраи ҷаззоби ўро надидааст.
«Кай меомада бошад? Кай?..»
Аз дуриҳои дур, аз пушти қуллаҳои дар уфуқ гўё оташгирифта, як лаби қурси офтоб ногаҳон сар кашида, ба замину осмони деҳа нуру сафо бахшид. Вале Таманно ба ҷои хирмани он равшанизои бузург сурати гарму хандон ва барояш бениҳоят азизи Анварро медид.
«Кай меояд? Кай?..» – бетоқат мегуфт ў ба худ гаштаву баргашта.
Ва дили бе ин ҳам пуризтиробаш бештар дар қабзаи хаёлу хотираҳо монда, Таманно ҳатто тасаввур карда наметавонист, ки фардо, айнан дар ҳамин соат, ҳангоме панҷаи лоларанги офтоб аз машриқ боз теғ мекашад, вай...
Ба Анвар вомехўрад.
Дурусттараш, ўро мебинад. Лекин аз дур… Аввал як лаҳза, фақат як лаҳза!

4 Ситораи рўз набаромада, панҷ нафар пасопеш дар идораи милиса ҳозир шуданд.
Мурод, марди тахмин сисолаи бакитфу бозу, ки аз ҷавонӣ дар водии Гардон бар зидди босмачиҳо ҷангида, борҳо тир хўрдаву боз ба по хеста, дар музофот чун муборизи нотарс ва оҳангари хуб шўҳрат дошт, ба аспу нагани худаш омад.
Он наганро ба вай соли бисту чорум... мутобиқи қарори штаби полки ҳафтоду шашуми савора барои шуҷоат ва мардонагӣ дар муқовимат ба душманони сохти нав, дар варақаи филизии як тарафи дастааш махсус навишта, дар пеши сафи аскарони сурх шахсан камандири эскадрон супурда буд. Асп ҳам аз заҳмати дасту панҷааш: ў солҳои охир коргоҳи меросии падарро ба тартиб оварда, ҳамроҳи бародараш, ки ҳафт фарзанд дорад, оҳангарӣ мекард.
Онҳо, бародарон, на фақат ҳоҷати мардумро бароварда, хуб ё бад… дар ҳар сурат рўз мегузаронданд, инчунин ба хоҳиши роҳбарони ноҳия барои хоҷагиҳои навташкил низ, аз қабили белу каланд, оҳани сипор, сихмола, досу доскола хаскашу шоха ва ғайра...

пешина
аз 551
навбатӣ