Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чун рагу паи инсонҳо ба кор андохта, ба дарди ҷонгудози захми танаш мардона тоб оварда, бисёр мехост дар оғўши ин дунёи зебо, ки ҳамин замон пур аз анвори заррини Офтоб мешавад, – Ҳазор сол зиндагӣ кунад…
Сад ҳазор сол зиндагӣ кунад!
1985

ҚАЗО

Вақте ки тирамоҳ ба поён мерасид, Вақте ки дарахтон охирин баргҳои заъфаронии худро ба замин мерехтанд, Вақте ки дашти холиву боғҳои хилват пур аз зоғони ҳарис мешуданд, – Ҳамин вақт...
Ў нафаси маргро шунид.
Аз сари болинаш меомад ин дами наҳс.
Як рўз не, як рўз ҳама мемиранд. Аз қазо набояд тарсид.
Зеро ҳеҷ кас умри абад надорад. Лекин бемори ноҷунбон шуда, дар рўи бистар дуру дароз интизор кашидан...
Ин албатта хуб нест.
Азоби алим аст ин!
Пирамард воқиан ҳам дар панҷаи азият буд. Қариб аз ҳуш рафта, гоҳо дар зулмоти як олами бегона ғарқ шавад, гоҳи дигар…
Ба монанди тарошаи сарсон дар ҳалқаи гирдоб, Гўё ба такони сахте аз он берун меомад.
Олами бегона аҷаб ва дар айни замон моломоли шиканҷ буд. То ки гашта ба зулмоти вай наафтад, пирамард танҳо аз чашмони худ мадад мехост. Бинобар ин нигоҳи бағоят хираашро, Чун нигоҳи одами ташна ба об...
Аз чароғи шифт намеканд. Метарсид, ки рафту мижа кашад, филҳол ба вартаи он олами ношинос меғалтад.
Дуртар аз ў писару духтараш ба хоб рафтаанд, – шабҳои дароз дар сари болини пирамард нишаста, лакот шудаанд.

пешина
аз 551
навбатӣ