Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мадорашон намондааст...
Агарчи пилки чашмонаш бисёр вазнин буданд, ў ҳама рагу паяшро ба кор андохта, аз чароғ чашм намеканд, – Ба марг тан намедод.
Одамон…
Дар бар ҷомаҳои мотам,
Дар даст асо,
Ба даҳони гўр менигаранд. Сипас тоб хўрда, ба пирамард назар медўзанд. Ва зуд ғайб мезананд. Дар ҷои онҳо фақат чашмонашон мемонад. Чашми бисёре... Чун мўру малах аз тиреза ба сўи бемор хазида, пешонии ўро мемоланд; баданаш якбора сард мешавад…
Пирамард тарсида, дар азоб чашм кушод. Даст ба гарданаш бурд ва шаҳраги онро ба нўки ангушти ишораташ, ки сахт меларзид, пахш кард. Ва аз дил гузаронд, – Гардани лоғари ў ҳамин ҳозир аз китфаш ҷудо мешавад.
Пас омадааст Азроил...
Пирамард дар банди чунин андеша буд, ки нури чароғ аз пеши назараш лағжид, гўё асло вуҷуд надошт.
...Ва ў як дашти ҳамвор, бавусъат ва ташнаро дид. Вай об металабид; дар зери офтоби сўзон ларзида, мехост сабзаҳои беҳолро ба худ фурў барад; аз оби тани онҳо… кам монда бошад ҳам, қадре ҷон бигирад.
Пирамард шудгор мекунад. Аммо аз фишори ташнагӣ ҳалқаш ба дараҷае хушк шудааст, ки аз ҳол рафта, дастаи сипорро дошта наметавонад. Барзагавҳо низ аз бори гарони ин дард ёрои ҷунбидан надоранд; лаб ба замин бурда, рутубати онро бў мекашанд, ба ҳамин гўё ташанагӣ шикастан мехоҳанд. Вай дигар тоқат карда натавониста, дастаи сипорро беихтиёр сар медиҳаду…
Дар миёни дашт...
Болои шудгор меафтад.
Ва дашт ўро сўхта, ба хокистар табдил медиҳад.
... Равшании чароғ пирамардро аз беҳушӣ, аз вартаи олами аҷаб ва ношинос берун овард.
«Ман дар он дашт чандин бор аз ташнагӣ мурда будам.
Худои карим фаромўш накардагист».

пешина
аз 551
навбатӣ