Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Бале. Аммо дар раҳ...
– Беҳуда нагуфтаанд: фалокат аз таки по мехезад, – боз сухани ўро бурид Сиёҳчарда.
– ...ду нафар рўбарў омада, маро нигоҳ доштанд. Яктааш кисаҳоямро кофта, ҳама пуламро гирифт. Буд тахмин панҷ-шаш ҳазор. Ҳаққи меҳнатам!
– Дар хонаат монда гардӣ, намешуд?
– Ман аз куҷо медонистам, ки ин хел воқиа рўй медиҳад.
– Содаӣ ту, сода!
– Шояд, – гуфт Миёнақад хаёлманд. Сипас, баъд аз қадре сукут, ба нақли он ҳодиса давом дод: – Хулоса, яктааш ҳама пуламро гирифт. Дароз буданд лаънатиҳо. Бо вуҷуди он ки дар торикӣ рўяшонро хуб намедидам, бақувват менамуданд.
Ман, рости гап, сахт тарсидам: болои сўхта намакоб, мабодо ки зананд... Аз ин рў аблаҳвор хандида, пурсидам:
«Кифоя? Ман акнун равам, мешавад?»
«Ҳоло не», – гуфт дуюмаш.
«Боз як хизмат мекунӣ», – афзуд якумаш.
«Баъд тохта меравӣ...»
Дуюмӣ инро гуфту аз банди ҳамин дасти чапам қапида, сахт пеш кашид ва сигаретаашро аз лаб гирифта, чун дар хокистардон ба кафам зер кард. Ман як фарёди ҷонкоҳ баровардам; пойҳоям дуқат шуда, қариб ки беҳушу беёд ба замин ғалтам. Вале зуд дандон ба дандон монда, худро ба даст гирифтам. Ҳарчанд ба он дарди тоқатфарсо базўр тоб меовардам, тамоми вуҷудам сўхта, гўё хокистар мешуд.
Якумӣ, ҳамоне ки кисаамро чаққон холӣ карда буд, гўгирд зада, дар партави оташаки он мисли заҳрханд рост ба рўям менигарист. Яқин дидан мехост, ки ман чӣ ҳол дорам, чӣ гуна азоб мекашам.
«Бало будаӣ ту», – гуфт вай ҷиддӣ.
«Ҳа, батоқат, қаҳрамон...» – хандид шарикаш.
«Илтимос мекунам, бачаҳо, илтиҷо дорам: бас, монед, сар диҳед...», – нолидам ман, ки аз зўри дард оби дидаам шашқатор мешуд.
«Мабодо вовчик бошӣ?»
«Не, не-е!!» – акнун фарёд задам, бадтар тарсида. Аммо нафас дар гулўям печида, овозам қариб набаромад.

пешина
аз 551
навбатӣ