Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва дуюмӣ сигаретаи дар ин каф хомўшшударо бепарво дур андохта:
«Хуб, амакӣ, бирав, – гуфт. – Тезтар бирав».
«Лекин мард будааст падарқусур. Офарин...» – гуфт дар ҳайрат якумӣ.
«Шавад, одами кайфӣ ҳамин қадар мешавад, – гуфт дуюмӣ ва банди дастамро аз панҷаи оҳанини худ раҳо карда, такрор намуд: – Бирав. Зудтар бирав, ки дигар асло набинамат».
– Яъне туро сар доданд, – гуфт Сиёҳчарда қаноатманд.
– Бале, сар доданд. Лекин...
– Дар ҳар сурат бачаҳои бад набудаанд.
– Лекин ман ҳатто даҳ қадам намонда, ба миёни ҳар ду шонаам чунон лагади гарон расид, ки ҳамоно парчини замин шудам.
– Аҷаб! – калла ҷунбонд Сиёҳчарда.
– Бо вуҷуди ин зўр зада, хостам ба по хезам. Дастам ҷизҷиз сўхта, дардаш тамоми баданамро фаро мегирифт. Аз теғи биниам, ки вақти афтидан дар лаби ҷўй ба қирраи бетон бархўрда буд, хун метаровид.
– Ана, доғаш маълум.
– Ба фикрам ин доғ акнун якумрӣ.
– Коре карда хестӣ? – хамёза кашид Сиёҳчарда.
– Хестан куҷо? – даст афшонд Миёнақад. – Баръакс...
– Хайр, биё, аввал ҳаминро гирем, баъд гап мезанӣ.
– Ту ин қадар саросема!
– Чақ-чақ, охир, ба шароб хуш аст.
– Нақли он воқиаро агар чақ-чақ медонӣ, пас гарангам мани бадбахт...
– Аз ҳар гап даррав хулоса мебарорӣ, а!
– Бефарқӣ ту ба ҳоли кас, ошно, бефарқ...
– Ҳоло бардорем, – тунук хандид Сиёҳчарда. – Баъд... кӣ бефарқ, кӣ не... маълум мешавад.
– Хайр, ба ҳамин агар маълум шавад, мегирем.
Яке аз дили нохоҳам, дуюмӣ ба хоҳиши тамом, онҳо боз нўшида, стаканҳои холиро болои миз гузоштанд. Аз пушташ сигарета даргиронданд; ҳар кадом ба хаёли худ муддате хомўш буд.

пешина
аз 551
навбатӣ