МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Ба-але.
– Ха-айр... – гуфт хаёлманд Сиёҳчарда. – Ошаш шавад ҳамон ду ҳазор!
– Ин гапи дигар.
– Бечора Латиф! Се фарзанд дорад...
– Ҳа, ба вай мушкил.
– Аксарият дар чунин аҳвол...
– Рафту ягон кор ёбам, намедонам ба ин пои ланг чӣ тавр аз ўҳдааш мебароям, – гуфт пас аз муддате хомўшӣ Миёнақад. – Тавба...
– Дардаш сахт? – пурсид Сиёҳчарда.
– Ҳа, то ҳол азобам кам не. Як ба чашми худат бин.
Вай инро гуфту почаи шимашро то худи рон бардошта, пояшро нишон дод. Сиёҳчарда, назараш ба он афтидан баробар, сарашро қапида, гуфт:
– Ваҳ, хонасўхтаҳо-э!
Зонуи Миёнақад ба қадри як ҳандалак варам оварда, пояш қариб то ба соқ кабуду сиёҳ буд.
– Ту гумон доштӣ ман воҳима мекунам?
– Даҳшат!
– Ин баъди хеле нағз шудан. Рўзҳои аввал айнан гуппиро мемонд.
– Алҳазар! – калла ҷунбонд Сиёҳчарда. – Воқиан, ҳамон бегоҳ дар чунин аҳвол чӣ хел расидӣ ба хонаат?
– Одамони нек ёрдам карданд, – гуфт Миёнақад, почаи шимашро фуроварда. – Шукр, ки на ҳар раҳгузар саг барин ба кас дармеафтад.
– Як ба духтур нишон деҳ, ошно. Мабодо оқибаташ бад шавад...
– Ба кадом пул? Ҳатто барои дидан ҳам пул мегиранд табибони имрўза!
– Ҷонат азиз бошад, илоҷашро ёб.
– Ҷони ҳар инсон албатта ба худаш азиз. Лекин ман ҳоло чӣ илоҷ меёбам? Ба чилу панҷ даромада, чандин сол дар сохтмонҳои калон-калон заҳмат кашида, акнун нони хўрдан надораму... Аҷаб замона шуд, касе ба доди касе намерасад.
Масалан, ман аз ту як-ду ҳазор сўм қарз пурсам, бе миннат медиҳӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор