МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Ман кай аз гапам гаштаам?
– Аҷаб, ба ин ҳам шароб гирифта деҳ, ҳам пул ёфта деҳ, – ба оҳанги ҳазл ғур-ғур кард Сиёҳчарда.
– Модом ки ба қавли худат одами раҳмдилӣ, то охир раҳмдил бош, – хандид Миёнақад.
– Хайр, шуд, кифоя, – гўё бардурўғ ҷигот андохт Сиёҳчарда. Ва ба он дусад сўме ки ҳоло дар рўи миз гузошта буд, се варақи дигар зам карда, ба дасти вай қапонд. – Акнун менўшӣ?
– Кушад ҳам...
– Бало ту! Шерпанҷаҳо беҳуда начаспидаанд ба ту!
– Эҳтимол, – ба дард хандид Миёнақад.
Онҳо нўшида, боз сигарета даргиронданд. Майфурўш ҳоло танҳо монда, радио мешунид, – инак хир-хир намекард вай. Бодбезак гоҳо садои гўшхарош бароварда, беист фирфир дошт, – шамол медод вай. Он мард ва ду нафар зане ки дар атрофи мизи дигар менишастанд, акнун нанўшанд ҳам, аз хурсандиашон маълум буд, – хотирҷамъанд, хестан намехоҳанд. Ба майли хотир сигарета мекашиданд онҳо, базла мегуфтанд, чақ-чақ мекарданд.
– Латифро надидаӣ?
– Кадом Латиф? – аз ин суоли ногаҳон як ҷунбида, абрувонашро мутаҳайир боло кашид Миёнақад.
– Латифи ҳамсинфат... – бетоқат фаҳмонд Сиёҳчарда.
– Ба вай чӣ кор дорӣ?
– Камаш бист рўз боз намебинам чилдурўғро!
– Чаро чилдурўғ будааст?
– Барои он ки қарз гирифту барнамегардонад.
– Чанд сўм?
– Ду ҳазор...
– Кирои тавиш не-ку?
– Ҳар чӣ бошад, пул аст.
– Ҳай мумсикӣ!
– Мумсикам ё не... бинам – пўсташро меканам.
– Дар дашти қазоқ?
– Яъне чӣ?
– Вай ба як рафиқамон мардикорӣ рафт.
– Қазоқистон?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор