МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
«Инаш дарди сари худат», – фориғбол... ва ҳатто дағалона мегўяд табиб.
«Хуб, ту ҳоло беморро бин, ягон сўзандору гузарон, ки аҳволаш сабуктар шавад. Лозим донӣ, хобон. Баъд ана... мегирӣ ҳаққатро. То модарам дар ҳамин ҷо бошад, ман гурехта ба гўре намеравам», – мегўяд писари кампир.
«Не, бародар, аввал ҳиссаи хизматро биёр», – розӣ намешавад табиб.
«О вай дар ин аҳвол нобуд мегардад!» – қариб гириста, мегўяд писари кампир.
«Бақувват аст модарат. Тоб меорад...» – ҳамчунон хотирҷамъ мегўяд табиб.
«Ту чӣ хел одамӣ? – ниҳоят сабру тоқатро аз даст медиҳад ў. – Фарзанди мусулмонӣ ё не?»
«Алҳамдулиллоҳ, мусулмонам. Барои ҳамин гапам якта», – нешханд мекунад табиб.
Хулоса, онҳо дар банди чунин гуфтугўи бадтар аз муноқиша будаанд, ки кампир дар рўи кати сахт, дар пеши назари табиб ва ҳамшира ҷон ба ҳақ месупорад.
Писари ў, фиғонаш ба осмон печида, ҷевони оҳанини пур аз дорувор ва асбоби табобатро – дар гўшае меистодааст он – ба сари табиб чаппа мекунад. Бар замми ин ба пушту паҳлуи вай ду-се лагад ҳам мефурорад; хуб дашном медиҳад. Кафи даст ва бари рўи табибро шишапораҳои ҷевон бурида, аз ҷароҳаташ хун меравад. Ҳамшира тавассути телефон аз ин аҳвол зуд ба милисахона хабар мерасонад. Аз он ҷо ду нафар омада, писари раҳматӣ кампирро ба истинтоқ мегиранд; чӣ воқиа рўй додааст, саросема хату чак мекунанд. Ва ба ў:
«Ҳоло боз ба ту вомехўрем», – гуфта, лоқайд аз паи кори худ мераванд.
Воқиан ҳам пас аз чанд рўзи модарашро ба хок супурдан он рафиқи маро, ки дар зери бори ғам қоматаш ҳанўз хамида буд, ба додгоҳ даъват карданд; ба мурофиа... Ман ба ту гўям, аслан дар дунё одамони хуб кам нестанд. Вале аз чӣ бошад, чашми мо бештар ба бадон меафтад. Аз ин рў дар зиндагӣ, дар тафриқаи сиёҳу сафед баъзан фиреб мехўрем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор