МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Чӣ тавре гуфтам, рафиқи маро ба додгоҳ кашиданд. Лекин шукр, ки додрас инсони баақл будааст, баинсоф будааст. Вай ҳама дарди ҷавобгарро шунида, ба додхоҳу шоҳидон муфассал суолу ҷавоб карда, аз решаи ҳодиса яқин пай мебарад. Ва парвандаи ҷиноиро барои аз сари нав тафтиш ва таҳқиқ намудан бармегардонад. Мегўяд, ки рафтори носазои табибро низ ҳангоми иҷрои вазифааш ҷиддӣ ба назар гирифтан лозим.
То ҳол дуюмбора барпо нашудааст мурофиа. Намедонам, ки оқибати ин воқиа ба чӣ анҷом меёбад. Аммо дар ҳар сурат умедворам: он додрас ҳатман қилро аз хамир ҷудо мекунад.
Миёнақад ҳикояташро ба охир расонда, хомўш монд.
– Аҷаб, – калла ҷунбонд пас аз каме Сиёҳчарда. – Вай табиб не, ҳайвон будааст.
– Ана ҳамин хел! – гуфт Миёнақад. – Боз ту ба ман маслиҳат медиҳӣ, ки пеши духтур равам.
– Сарам дард кард, биё... боз яктаӣ гирем.
– Ман розӣ. Аз ёди он ҳодиса сари худам ҳам дард овард, дилам вайрон шуд.
– Чӣ илоҷ, зиндагӣ ба сад ранг аст...
– Рост.
– ...Бисёр ғам нахўр.
Вақте ки Сиёҳчарда инро гуфта, шароб фармуд ва майфурўш стаканҳоро аз нав пур карда, ба рўи миз гузошт, паллаи дар калон кушода шуда, ду нафар ҷавони ҳузарб ворид гардиданд. Дар бар либоси ҳарбии ала доштанд онҳо; яке дар китф, дигаре дар даст автамат доштанд. Сарашон луч.
Рутбаашон чӣ... маълум набуд. Ҳар ду ба пештахта наздик рафта, аз майфурўш пурсиданд, ки шаробаш оё хуб аст.
– Бад не, – даст пеши бар гирифт вай.
– Бирез дута! – ба оҳанги фармон гуфт яке аз онҳо.
– Ба ҷон!
– Лекин агар хуб набошад, ҷонатро мегирам, – гуфт дуюмӣ. – Қабратро ҳам меканам.
Дар даст стакан, якумӣ ба қафо тоб хўрда, аввал ба сўи он марду ду нафар зан, ки инак филҳол сукут ихтиёр карда буданд, балки гаранг аз курсиҳо мехестанд... назар давонд.
Пас ба чӣ хаёле рафта, нигоҳи чун сурб вазнинаш ба мизи дигар кўчид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор