МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Вай аз Сиёҳчарда ва Миёнақад чанд сония чашм наканда истоду якбора гуфт:
– Ба фаросати худ намеҷунбед, а!
– Бахшиш, ана...
Сиёҳчарда тохта ба по шуда, стаканашро гирифт, ки аввал шароби онро нўшад.
– Мон дар ҷояш!
– Хуб, хуб... – стаканро ларзон болои миз гузошта, зуд пеши дар рафт ў.
– Ту чаро намехезӣ? – дар паҳлуи шарикаш ҳозир гардида, гуфт дуюмӣ ба Миёнақад.
– Мо нишаста будем, бемалол сўҳбат доштем... – аз ҷой наҷунбид вай.
– Мегўӣ, ки сўҳбат доштед? – пурсид якумӣ ба тамасхур.
– Бале. Аммо дўғ мезанед шумо, зўрӣ мекунед...
– Харӣ ту, хари лавандӣ!
– Дашном надеҳ...
– Ростӣ?
– Набошад чӣ?..
– Боз ҳам харӣ!
Вай стакани худро оҳиста ба рўи миз гузошта, дар ҳолате ки автамат ҳамчунон дар китфаш овезон буд, ба ҷониби Миёнақад даст дароз кард. Ва ўро маҳкам аз гиребонаш гирифта, ба як кашидан сари по монд. Сипас бедиранг дар зери манаҳаш мушти гароне фуроварда, ба мисли тўб аз дари майхона берун андохт.
– Мо аҳмақ набошем, шабу рўз дара ба дараву кўҳ ба кўҳ гашта, оё аз барои ҳамин гуна сагон ба душман ҷанг мекардем?!
– Биё, бишин, – гуфт ба вай шарикаш, низ стакани худро болои миз гузошта. – Сазои сараш... Раҳмашонро бисёр ки хўрдаем, ёзидаанд. Аз одаму одамгарӣ дур шудаанд.
1997

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор