Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва рафту онҳо дар ин атроф қадаме гузоранд, зуд ба ноҳия хабар расонанд. Дайдуҳо як-ду нафар бошанду зўри худашон расад, боз беҳтар...
Ҳеҷ қисса не, муҳиммаш – натарсанд: охир, бел доранд, каланд доранд, табару теша доранд. Балки камони шикорӣ ҳам ёфт мешудагист... Бале, вай, Анвар, нағз медонад – ба ин чизҳо дами тиру туфангро гирифтан осон не, ҳатто амри муҳол. Лекин чӣ илоҷ... Хуллас, ки агар он фалакзадаҳои хомхаёл суробашонро нишон диҳанд, ҳама аз як гиребон сар бароварда, занону кўдакон ва мўйсафедонро осуда кунанд. Ва ҳаргиз натарсанд. Зеро ҳар бадниятро дар ин дунё оқибат ҷазои муносиб ҳаст...
Мард сухани Анварро ба эътибор гирифта, гоҳо пушти сар мехорид.
– Набошад чӣ! Албатта, додар, ҳатман...
Ва онҳо гашти худро идома доданд. Лаблаби дарёчаи Кофрун, аз байни дараи дарози Оҳугузар, ки талу кўҳтал ва шаху ҷариҳои ду самти вай торафт баланд, серарча ва ҳавлангез мешуданд, ба сўи Нилу мерафтанд онҳо. Ин деҳаи хушманзар аз маркази ноҳия дар шимолу ғарб воқеъ гардида, барои одами пиёда то расидан ба манзил қариб як шабонарўз раҳ сипардан лозим меомад.
Анвару рафиқонаш савора буданд.
Онҳо ба эҳтиёт – рафту аз пушти санге тир кушоянд – ва дар айни замон беист асп ронда, дами офтоббаро ба деҳаи дигар расиданд, ки вай ҳам орому осуда буд; аз душман касе хабар надошт. Занону духтарон, дар сари китф кўзаҳои гардандароз, ба лаби Кофрун фуромада, ба хонаҳои худ об мекашиданд. Мардон аз паи ташвиши ҳамарўза буданд – яке дар даст бел дошт, дигаре ресмон; яке савори маркаб ба ҷониби пуштаҳо равад, дигаре модагавашро аз шохбанд кушода, кўча мебаровард. Ба димоғ омехта ба накҳати баҳорон бўи шири навдўшида менишаст.
Дар ёнаи пур аз сабзаву лолахасакҳои канори деҳа, ки болотараш то сари ёла арчазор буд, моли реза мечарид. Бараву бузғолаҳо медавиданд, меҷаҳиданд, дар гирди модарони худ пойкўбон парвона шуда, ба пистони онҳо, ки ҳама даруни халтача буданд, даҳон мезаданд. Вале ба ҷои шир фиреб хўрдаву даме ҳайрон монда, шикваомез «ба-аъ...»

пешина
аз 551
навбатӣ