Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

шона зада:
«Дуруст, – гуфт, – дар он кўҳи баланд ману ту барин одамон манзил доранд. Шабҳо чароғ дармегиронанд, алав мекунанд...»
«Наметарсанд?» – базўр пурсидам ман, ки аз ваҳм дар танам мурғак медамид.
«Аз чӣ тарсанд?» – гуфт бобоям, маро бештар дар оғўш гирифтаву сарамро ба меҳр сила карда.
«Аз кўҳ», – ҷавоб гардондам ман.
«Не, барача, наметарсанд; аз ҳеҷ чиз наметарсанд. Чунки онҳо авлоди мардони ҷасуранд. Садҳо сол боз дар паноҳи ҳамон кўҳҳои басалобат зиндагӣ карда, ҳастии моро давом медиҳанд».
«Ҳастиаш чӣ?» – пурсидам ман, аз ин сухани бобоям чизе нафаҳмида.
«Ҳастӣ... – гуфт ў зери лаб ва як муддат ба андеша рафта, худаш ҳам пурсид: – Ту, масалан, кистӣ?»
«Ман?.. Ман бача!»
«Дуруст, ту бача. Лекин ба кадом забон гап мезанӣ?»
«Ба забони падару модарам, ба забони шумо...»
«Боракалло, барача, ба забони падару модарат, – гуфт вай, аз пешониам нарм бўсида. – Акнун ба ман фаҳмон, ки падару модарат кистанд?»
«Одам», – дарҳол ҷавоб додам ман.
«Бале, онҳо қабл аз ҳама одам. Аммо... умуман кистанд, миллаташон чӣ, ба кадом забон гап мезананд?»
«Ба забони тоҷикӣ».
«Офарин! Ба забони тоҷикӣ... Модом ки ба ҳамин забон гап мезананд, пас онҳо кистанд?»
«Тоҷик».
«Дуруст, барачаи бобо, тоҷик. Акнун гўй, ки ту худат кистӣ?»
«Тоҷик будагистам...»
«Бале, ту тоҷикӣ. Бародарат ҳам тоҷик, мани мўйсафед ҳам тоҷик. Дар дунё тоҷик-мардум бисёранд. Барои он ки намурда, наслашонро идома диҳанд, шуморашон кам нашавад, забонашонро эмин доранд ва ба ин восита дар байни дигар халқҳои олам халқ бошанд, миллат бошанд, дар давоми асрҳо шояд садҳо маротиба ба душманони ҷони худ афтударафт кардаанд».

пешина
аз 551
навбатӣ