МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Нависанда дар «Се рўзи як баҳор» муборизаи синфиро ба воқеъбинии равшан чунон моҳирона тасвир кардааст, ки хонанда ҷонибҳои муқобил – фидоии олами инқилоб Анвар ва сарвари дастаи мухолифон Усмон Азизро як хел дўст медорад; ба онҳо дилаш сўхта, аз тақдири талхи эшон ба риққат меояд. Ва бояд ҳамин тавр ҳам мебуд. Зеро ин ду нафар, фарзандони як миллат, балки хешу табор... ҳар кадом дар мавқеи худ ҳаққанд. Яке мехоҳад ҳаёти нав созад, дигаре баръакс – замонаш, хонаву дараш, динаш ва расму оинашро дифоъ мекунад. (Дар байни ҷамоати исёнгар зотҳои касиф, нияташон нопок, зиёда аз ин... ёғиву тоғӣ албатта кам набуданд, ки хоси ҳама гуна ҷангҳост. Аммо гап ҳоло дар сари Усмон Азиз аст.) Нависанда чун довари ростбин рафтору кирдори ин ду мардро чи дар даврони осоиштаи қабл аз инқилоб ва чи дар задухўрдҳои муқовимати шаҳрвандӣ мўшикофона ба тадқиқ гирифта, хулосаҳои ҷолиб мебардорад.
Бисёре аз мунаққидон ва ҳамқаламони адиб ҳангоми муҳокимаи раман, инчунин баъзе хонандагон баъд аз интишор ёфтани он ба ҳар навъ андеша мегуфтанд, ки Саттор Турсун душмани халқро сафед кардааст, – аз босмачӣ қаҳрамони мусбат сохтааст.
Лекин агар дақиқ назар андозем, пас мебинем: нависанда мисли падарест, ки муноқишаи фарзандонашро аз дари адолат ба таҳлил мекашад. Зеро дили вай ба ҳамаи онҳо баробар месўзад, дар мағзи ҷону ҷигараш онҳо як хел азизанд.
Саттор Турсун нек медонад, ки дар ҳеҷ ҷанги шаҳрвандӣ ғолибу мағлуб, ҳаққу ноҳақ, ё худ... чӣ тавре мегўянд, сиёҳу сафед набудааст. Ва нахоҳад буд. Оқибати чунин пархошҳо фақат пушаймонист. Кадом ҷомиае ки бошад, дар кулли ҳолатҳо ба асли шоистаи худ бармегардад; яъне об агар сад пора гардад, боз ба ҳам меомезад. Аз ин сабаб дар поёни раман Усмон Азизи рўҳан бақувват вақте ки тир мехўрад «ва аз хонаи гарми зин канда шуда, оҳиста ба замин, ба рўи майсаву лолахасакҳои саросар шукуфон» меафтад, дар вопасин дамаш ба таассуф зери лаб дар забон меорад: «Ман бе гумон ангушти зиёди панҷаи тақдир будаам дар ин дунё». Қаҳрамони ҳикояи «Лаблаби ҷар» низ Абдулаҳади хоинро, ки боиси марги бародари ҳамхуни ў гардида буд, ниҳоят ба қатл расонда, аз зўри алам ашк мерезад. Бубинед, ин манзараро сухансоз чӣ гуна муассир ба қалам додааст:
«Ҷавон нишаст. Автаматро оҳиста дар бараш монд. Сипас ба хирмани хуршеди тобону вусъатбоди баланд гўё бефарқ як назар афканда, сар ба кафи дастонаш гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё