МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Анвар аз хурсандӣ гўё қанот бароварда, мехост зуд ба Нилу баргардад. Вале Шокир:
– Саҳар меравӣ – раҳат дур, харат ҳам чандон бақувват не, – гуфта, ўро ба хонааш бурд.
Ва онҳо як-ду соат чақ-чақ карда, бароҳат хобиданд.
Пагоҳаш Анвар баробари субҳ ба роҳи Нилу даромад.
Вай он вақт соф мурғи озод буд. Усмон Азиз гурехтан боз хеле рўҳ гирифта, ба кору бори худ ҷиддӣ машғул мешуд.
Хондану навиштанро омўхта, ба дигарон ҳам сидқан ёд медод. Дар як парча замини ҳавлии фақиронаи аз падар мерос ҷуворӣ корида, ғами рўзгорро мехўрд. Ният дошт, ки ба каме пули пасандозаш тирамоҳ ягонта буз харида, барои ошдоғии зимистон бонӣ мекунад... Ҳамин гуна буд зиндагии ў. Имрўз ана, узви камсамол шуд. Акнун вай барои ҳар ноҳаққие ки дар Нилу рўй медиҳад, ҷавобгар аст. Вай акнун барои ғалабаи сазовори инқилоб ба аскарони сурх ва фирқаи балшевикон бояд пайваста мадад расонад. Ҳоло ба ҳамдеҳагонаш савод омўхта, онҳоро аз мақсаду мароми ҳукумати шўро то ҳадде бохабар намудан ҳам... дар эътибори инқилоб аҳамияти хоса дорад.
Анвар, тобеи чунин андешаҳо, баъд аз се-чор соат ба Нилу дохил шуда, ҳуш аз сараш парид. Гўё маҳшаре барпо гардида буд дар деҳа. Як қисм одамон, ҳама ғамгин, аз қабристон меомаданд. Қисми дигар тобут бардошта, боз ба он манзил мерафтанд. Аз ҷониби тангкўчае ки дар вай Анвару Таманно ҳам зиндагӣ мекарданд, ҳой-ҳой гиристанҳо, садрзанӣ ва нолаву шеван ба гўш мерасид. Дар қади саркўча ҳар ҷо-ҳар ҷо кўдакон истода, ба мардони тобуткашу одамони аз пушти онҳо қатор дар ҳайрат чашм медавонданд.
Хуллас, ки сахт ноором буд Нилу. Гўё қиёмат аз ҳамин маҳал мехест. Ба хаёли Анвар ҳатто ҳавои деҳа низ тағйир ёфта буд. Аз мағзи он як бўи ғализ меомад; эҳтимол бўи хун...
Вай аз хараш пиёда шуд. Кадом бачаи пойлуч, ки дасташ дар нифаи эзори даридааш буд, аз шиддати ҳаяҷон забонаш лакнат хўрда, ба назари суоли ў ҷавоб гардонд:
– Додом гуфтанд, ки шабона босмачиҳо омада, се касро дар хонаашон куштаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё