МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ду касро ҳамроҳи худ гирифта бурдаанд...
Анвар гарангу шалпар харашро беихтиёр дар пеши ҳамон бача монда, аз пушти тобут ба қабристон рафт. Ва дар он ҷо мутаҳайир фаҳмид, ки одамон ҳоло мурдаи дуюмро мегўронанд. Барои сеюмӣ ҳам инак лаҳад мекованд. Вале тобут якта. Аз ин рў то ба охирин манзили бардошт расидан низ навбат мепоянд онҳо!
Вақте ки марҳумро ба хок супурда, аз ёнаи қабристони баланд нишеб мешуданд, дар паҳлуи Анвар аз куҷое язнаи Усмон Азиз – Саидназар ҳозир гардида, дар даст рўймолча, ба андоми хунук як оҳ кашид. Сипас ба ў нигоҳ накарда, гўё худ ба худ гуфт:
– Оқибати дунё ҳамин, додарам! Кас намедонад, ки ба дасти ягон нохалаф кушта мешавад, ё ба аҷали худаш ҷон медиҳад. Вагарна кӣ гумон дошт, ки ин хел... Ҳар се ҳам бандаи беозор буданд. Лекин кори худоро бин – дар як шаб, а! Бе ҳеҷ гуноҳ... Бародари зани ман, раҳматӣ мулло Сулаймон, низ таҳтан бегуноҳ буд. Бегуноҳ буду номусулмонҳо дар роҳи Деҳнав куштанд. Ту басалла гуфта, босмачӣ гуфта, душмани ҳукумати шўро гуфта...
– Чӣ, босмачӣ буданаш дурўғ? – аз ғарибнолии вай қаҳраш омада, ба ситез пурсид Анвар.
– Албатта дурўғ! Кӣ дидааст?
– Дурўғ бошад, муддати қариб ду сол дар куҷоҳо мегашт?
Боз туфангу шамшер бардошта...
– Мегашт-дия! – низ итоб намуда, сухани ўро бурид Саидназар. – Одами хондагӣ буд, ёру ошноҳои бисёр дошт. Дар ин деҳаи арвоҳзада шишта, чӣ кор мекард? Ба кӣ ҳамтабақ мешуд?
– Рост, одамони ба вай ҳамтабақ дар байни босмачиҳо буданд! – гуфт Анвар ба заҳрханд.
– Ин гапат нағз не, додарам...
– Барои чӣ?
– Барои он ки тўҳмат, ифтиро...
– Хайр, шуд, – даст афшонд Анвар.
– Ҳеҷ кас исбот карда наметавонад, ки раҳматӣ босмачӣ буд, ё ақалан ба онҳо сари кор дошт. Агар ин тахмин дайн мешуд, эҳа-а...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё