ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Зеро ки аз ҳарорати ин дасти сўхта
Будам чу мўй дар сари оташ ба печутоб.
Шаб то ба рўз ҳамнафасам дарду доғ буд,
Мешуд чу шамъ модарам аз сўзи сина об.
Гарчи баҳор буд.
Бар чашму гўши одами бемор нохуш аст
Ҳатто навои булбулу ранги гули баҳор.
Бар гўшам он дақиқа басо сахт мерасид
Оҳанги ҷонфизои наю савти «Ёр-ёр».
Гарчи баҳор буд.
Баски муҳити ман ба кафи сарнавишт буд,
Ҳар неку бад зи қисмату тақдир мерасид.
Аз куф-куфи дуои дамодам пайи даво
Чун сабзаи хазонзада рангам ҳамепарид.
Гарчи баҳор буд.
Сўзу гудоз то ки шавад андаке хамўш,
Мерехт ашк бар сари болини ман падар.
Дастам зи дасти марҳаму доруи бедаво
Мешуд ба сони кундаи дар об гашта тар.
Гарчи баҳор буд.
Дар тангнои узлату бечораву хамўш,
Афтода дур аз назари гарми рўзгор,
Боди хазон ба гулшани умрам ҳамевазид,
То нашкуфад шукуфаи умрам дар ин диёр.
Гарчи баҳор буд.
Дар осмони тираву пурхавфу пурхатар
Ногоҳ чун ситораи уммед шуд падид,
Як булаҷаб тасодуфӣ омад табиби рус,
Ин хушхабар ба кулбаи эҳзони мо расид.
Фасли баҳор буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё