Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хуб санҷид, ки ман ошиқи як дилдорам,
Соф як дил дорам.
Ду нашуд ҳарфашу бар дидаи чорам омад,
Дар лаби обе,
Шаби маҳтобе (2. 135).

Ба ҳамин тариқ, лирикаи шоир яке аз сермаҳсултарин соҳаи эҷодиёти устод Боқӣ Раҳимзода ба шумор рафта, ба тамоми масъалаҳои рўзгор ва муносибатҳои мухталифи инсонӣ сарукор дорад. Имрўз комилан метавон гуфт, ки Боқӣ Раҳимзода аз шоирони достонсарост. Достонҳои «Роҳи нури офтоб» (бо ҳамқаламии М. Турсунзода), «Қиссаи кўҳсор», «Эъҷози санъат», «Қиссаи нотамом», ки дар мавзўъҳои муҳими замон таълиф ёфтаанд, аз истеъдоди комили шоир гувоҳӣ медиҳанд.
Имсол шоири зиндаёд агар дар ҳаёт мебуд, ба синни мубораки садсолагӣ мерасид. Ҳарчанд ў сӣ сол аст, ки дар миёни мо нест, вале чеҳраи пур аз табассум ва рўҳи бедораш ҳамеша дар назари мо ба ҷилва меояд.
Гуфтори нарму нигоҳи гармаш дар дилу дидаи мо маскан дорад. Шеъру достонҳои ин устоди сухан ҳамсафари мо буданд ва оянда ҳам ҳамин сон боқӣ хоҳанд монд. Аз ин рў, бо ин сухани устод Лоиқ ҳамовозем:

Ҳар он марде, ки озод аст, ёри ҳамниҳоди мост,
Ҳар он к-ў раҳшинос афтод, ҳамроҳи ҳаёти мост.
Тавонад ҳар ки омўзад ду-се ҳарфи савод, аммо
Чу Боқӣ ҳар ки қадри мард донад, устоди мост!

пешина
аз 163