Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вале ў сурудаҳое ҳам дорад, ки аз ғизои ҷону тан ба вуҷуд омада, ба қавли Убайди Зоконӣ «димоғи шефтагонро ба ҷўш меорад». Аммо дар ҳар намуди хосашон онҳо аз замири поки шоири ошиқ ба қалам омада, хонандаро ба қадрдонии ишқ ва ҳамеша азиз доштани он далолат менамояд:

Ахлоқи нек сайқали ишқу муҳаббат аст,
Дораш чу нури дида, чаро гиря мекунӣ? (2.110).

Дар шеърҳои «Чаро гиря мекунӣ?», «Як табассум кун» «Навбати Гулъузор шуд», «Ишқ», «Навои ишқ»
«Ба ёди дидор» ишқ ба салиқаи классикона тараннум ёфтааст:

Ман зодаи дилфигори ишқам,
Беҳ з-ин ҳунарам ҳунар набояд.
Аз шавқи висол синаамро
Ҷуз курраи пуршарар набояд (2. 110)

Лирикаи ишқии халқии шоир он қадар самимию дилфиреб ва содаю равон аст, ки онҳоро мавриди аз шеъру таронаҳои шифоҳии халқӣ тафриқа кардан душворӣ меорад. Як силсилаи дигари шеърҳои шоир «Дўстон ошиқам», «Духтараки номдор», Дар лаби обе», «Нигоҳе», «Тарона дорад», «Ҳосили умр» аст, ки ҳар кадоме аз лавҳаи ҳаёту ишқ, меҳру муҳаббати поки инсонӣ буда, бо салиқаи нозуки дилошўб таълиф ёфтаанд.
Аз ин силсила шеъри «Дар лаби обе» бо эҷодкории хосае ба қалам омадааст:

Дӣ шабе буд, ки ранҷида нигорам омад,
Дар лаби обе,
Шаби маҳтобе.
Бахт хандида хиромон ба канорам омад,
Дар лаби обе,
Шаби маҳтобе.

пешина
аз 163
навбатӣ