Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба кўҳу дашт бингарам –
Ба ранги лола бинамат.
Ба рўи маҳ назар кунам –
Ба гирди ҳола бинамат,
Ба ҷўши чашмасорҳо,
Ба акси жола бинамат.
Миёни баҳру даҷла ҳам
Ба рўи мола бинамат,
Майи висол даркашам,
Чу дар пиёла бинамат.

Ба бахти ман ту ҷилвагар,
Ҳамеша бош дар назар!
МО МУШТОҚИ НАВРЎЗ

Гули бодом бўи нози Наврўз,
Гилеми сабза пойандози Наврўз.
Ба роҳат абри найсон дур бипошад,
Ки тундар оварад овози Наврўз.

Арўси сол сархуш аз гулу мул,
Ниҳода каҷ кулаҳ аз барги сунбул,
Сабо аз ҷаъди зулфаш мушк безад,
Сарояд васфи ў шўрида булбул.

Насимосо ба печу тоб ояд,
Магар ў аз раҳи Варзоб ояд?
Ҳама муштоқ бар дидори Наврўз,
Мабодо, як шаби маҳтоб ояд.

Замин аз мақдамаш пурзебу фар шуд,
Шамимаш накҳати боди саҳар шуд,
Табассум мекунад Наврўз имрўз,
Ки фавҷи лола дар саҳро бадар шуд.

Ҷавонӣ дар бағал дорад ҳамеша,
Чӣ сон авҷи амал дорад ҳамеша,
Агар соҳир набошад, аз чӣ Наврўз,
Ҷавонӣ бебадал дорад ҳамеша?

Ба чашмаш ҷодуи устод дорад,
Ба рўяш холи ҳуснобод дорад.
Дилошўбу ҷаҳонорост Наврўз,
Ки ў наққоши сеҳрэҷод дорад.

Барад чун каҳрабо зангор аз дил,
Кушояд чашмаи ашъор аз дил.
Бувад сарчашмаи илҳом Наврўз,
Барорад ҳарфи оташбор аз дил.

пешина
аз 163
навбатӣ